Ифшои тамоси телефонии Флин бо Русия дар Вашингтон
https://parstoday.ir/tg/news/world-i11812-Ифшои_тамоси_телефонии_Флин_бо_Русия_дар_Вашингтон
Гуфтугӯҳои телефонии номзади мақоми Мушовири амнияти миллии давлати баъдии Амрико бо сафири Русия дар Вашингтон фош шуд.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Январ 14, 2017 14:51 Asia/Dushanbe
  • Ифшои тамоси телефонии Флин бо Русия дар Вашингтон

Гуфтугӯҳои телефонии номзади мақоми Мушовири амнияти миллии давлати баъдии Амрико бо сафири Русия дар Вашингтон фош шуд.

Хабаргузории Ройтерс аз қавли манобеи огоҳ гузориш дод, генерали бознишаста Майкл Флин, номзади мақоми Мушовири амнияти миллии Доналд Троамп, раисиҷумҳури баъдии Амрико ва Сергей Кисляк-сафири Русия дар Вашингтон дар рӯзе, ки Барак Обама-раисиҷумҳури кунунии Амрико таҳримҳои зидди Русия ба баҳонаи дахолати Маскав дар интихоботи раёсатҷумҳури Амрико вазъ кард, чандин бор бо якдигар гуфтугӯ карданд.

Расонаҳои Амрико ин тамоси телефониро имтидоди иртиботот байни мушовирони Трамп ва мақомҳои Русия таъбир карданд.

Давлати Амрико, Русияро ба ҳамалоти сайберӣ бо ҳадафи тағйир додани натиҷаи интихобот ба нафъи пирӯзии Трамп муттаҳам кардаанд. Русия ин иттиҳомотро рад кардааст.

Ин гузориш афзуд, ҳанӯз маълум нест, ки оё Флин ва сафири Русия дар гуфтугӯи телефониашон ин таҳримҳоро ҳам мавриди баҳс қарор додаанд ё на. Аммо Sean Spicer-сухангӯи Трамп рӯзи ҷумъа гуфт, ки Флин моҳи гузашта як тамоси телефонӣ аз сафири Русия дарёфт карда буд, ки хостори барномарезӣ барои гуфтугӯи телефонии Трамп ва Путин буд.

Қавонини Амрико шаҳрвандонро аз музокира бо давлатҳои кишварҳои хориҷии мутахосим бо давлати ин кишвар манъ мекунад.