Январ 14, 2017 18:39 Asia/Dushanbe
  • Ихроҷи рӯзноманигори турк подоше ба як ифшогарӣ

Рӯзномаи Ҳурриет, дар паи интишори хабаре дар бораи муомилаи нафтии давлати Туркия бо гурӯҳи такфирӣ-террористии ДИИШ, хабарнигорашро ихроҷ кард.

Хабарнигори рӯзномаи Ҳурриет дар Вашингтон, дар гузориш худ овардааст, Раҷаб Тайиб Эрдуғон, раисҷумҳури Туркия ва аъзои хонаводаи вай дар муомилаи нафт бо гурӯҳи террористии ДИИШ мушорикат доранд.

Ифшои ҳамкориҳои наздики давлати Ҳизби ҳокими адолат ва тавсеаи Туркия бо гурӯҳи такфирӣ-террористии ДИИШ, барои раисҷумҳури Туркия ва давлати таҳти амри вай бисёр сангин аст. Давлати Туркия борҳо ин иттиҳомҳоро рад кардааст. Ба ҳамин далел, ифшои ин иртибот ҳам барои давлати Анкара дар дохил ва ҳам барои Туркия дар сатҳи байналмилалӣ дорои аворизи манфӣ буда ва ба мавзуи ҳайсиятӣ табдил шудааст.

Пеш аз ин низ рӯзномаи Ҳурриет ба далели интишори гузорише дар ҳамин замина, Дениз Зирк, хабарнигори худ дар Анкараро аз кор барканор карда буд. Ҳамзамон ду тани дигар аз рӯзноманигорон турк низ ба далели ифшои иттилооти мушобеҳ ва интишори филми ирсоли силоҳ тавассути нерӯҳои низомии Туркия барои гурӯҳи террористии ДИИШ ва низ интишори ахбори муомилаи нафтии давлати Анкара бо ин гурӯҳи такфирӣ-террористӣ, муҳокима ва аз кор барканор шуда буданд.

Пеш аз ин Вазорати дифои Русия низ бо интишори баёнияе, ҳатто масирҳои интиқоли нафти қочоқи гурӯҳи ДИИШ дар хоки Туркияро ифшо карда буд. Бино бар эъломи Вазорати дифои Русия, нафти қочоқшуда аз сӯи гурӯҳи террористии ДИИШ аз се масири шинохташуда вориди Туркия мешавад.

Воқеият он аст, ки хариди нафти қочоқи гурӯҳи такфирии ДИИШ тавассути Туркия, ба навъе кумаки молӣ ба ин гурӯҳи террористӣ маҳсуб мешавад. Бо вуҷуди такзиби хабарҳои марбут ба ҳамкории давлати Туркия бо гурӯҳҳои террористӣ аз ҷумла ДИИШ, ҷомеаи ҷаҳонӣ токунун иддаоҳои мақомҳои давлати Анкараро напазируфтааст. Мақомҳои давлатҳои Димишқ ва Бағдод низ тасреҳ кардаанд, ки Туркия ба манзури фирорӣ додани раҳбарон ва аъзои гурӯҳҳои такфирӣ-террористӣ даст ба кор шуда ва маъмурияти ҷадидеро дар Сурия ва Ироқ оғоз кардааст. Давлати Анкара ба рағми мухолифати шадиди давлатҳои Сурия ва Ироқ, нерӯҳои худро ба ин ду кишвар эъзом кардааст. Бадеҳист, ин иқдомот ва ифшои нақши Туркия дар фароҳам кардани заминаи қочоқи нафти ДИИШ, ба маънои ҳимояти Туркия аз гурӯҳҳои террористӣ-такфирӣ аст. Давлати Анкара бозии хатарнокеро дар минтақа шуруъ кардааст ва бо сензураи хабарӣ ва маҳдуд кардани матбуот наметавонад воқеиятҳо ва авоқиби ин бозии хатарнокро пинҳон созад.