Раъйи Девони байналмилалии ҷиноӣ алайҳи ҷинояткорони исроилӣ аз нигоҳи фаластиниён
(last modified Sun, 24 Nov 2024 05:44:45 GMT )
Ноябр 24, 2024 10:44 Asia/Dushanbe
  • Раъйи Девони байналмилалии ҷиноӣ алайҳи ҷинояткорони исроилӣ аз нигоҳи фаластиниён

Порс тудей - Гузоришгари вижаи ҳуқуқи башари Созмони милал, раъйи Девони байналмилалии кайфарӣ дар бораи боздошти нахуствазиру вазири ҷанги собиқи режими саҳюнистиро озмӯне барои тааҳҳуди ғарбиҳо донист.

Francesca Albanese, гузоришгари вижаи Созмони милал дар умӯри Фаластин рӯзи ҷумъа бо баёни инки шоҳиди ихтилофи кишварҳои ғарбӣ перомуни ҳукми Девони байналмилалии кайфарӣ ҳастем, гуфт: Дастури боздошти сарони Исроил дар воқеъ амалӣ кардани хостаҳои мо барои додгарӣ ва муҷозоти омилони куштор аст ва бояд аз фаластиниҳо дар баробари бомбаборон, куштору гурусна нигаҳ доштани онҳо ҳаросат кард.

Ба гузориши Порс тудей, Девони байналмилалии кайфарӣ рӯзи панҷшанбе (21 ноябр) дастури боздошти Бинямин Натаняҳу, нахуствазири режими саҳюнистӣ ва Йоав Галлант, вазири ҷанги собиқи ин режимро ба далели иртикоби ҷинояти ҷангӣ, ҷиноят алайҳи башарияту истифода аз гуруснагӣ (мардуми Ғазза) ба унвони силоҳ содир кард.

Дар ҳамин иртибот, рӯзномаи «Ал Арабӣ Ал Ҷадид» навишт: Мардуми Ғазза бо шаку тардид ба раъйи Девони байналмилалии кайфарӣ дар бораи боздошти ду мақоми режими саҳюнистӣ менигаранду умеде ба инки ҳукми боздошти Натаняҳу ва Галлант ба поёни ҷанги Ғазза мунҷар шавад, надоранд.

«Ал Арабӣ Ал Ҷадид» хотирнишон кард: Сокинони Ғазза судӯри ин ҳукм аз суи Девони байналмилалии кайфариро ба масобаи эътирофу изъон ба ранҷу меҳнати сокинони Ғазза медонанд.