Ҷеффри Сакс: Амрико, Исроил ва Туркия омили нооромиҳои Сурия ҳастанд
Декабр 08, 2024 13:26 Asia/Dushanbe
Порс Тудей - Як таҳлилгари амрикоӣ, нооромиҳои Сурияро бахше аз тарҳи муштараки Амрико, Исроилу Туркия баршумурд.
Ҳамзамон бо тасарруфи Димишқ тавассути гуруҳҳои мусаллаҳ, мусоҳибаи ахири профессор Ҷеффри Сакс бо Piers Morgan дар шабакаи иҷтимоии “Х” пурбоздид шуд.
Ба гузориши Порс тудей, профессор Ҷеффри Сакс 6 декабр дар мусоҳиба бо Piers Morgan бо ишораи нооромиҳои Сурия гуфт:
«Ин амалиёти Иёлоти муттаҳида, Исроил ва Туркия аст. Ин бахше аз барномаи дарозмуддати Бинямин Натаняҳу, нахуствазири Исроил аст, ки ба муддати 30 сол барои сарнагӯнии давлатҳое, ки дар саросари Ховари Миёна аз ормони Фаластин ҳимоят мекунанд, талош мекунад».
Барчасп