Матбуоти ғарбӣ чи чизро озоди меноманд?
(last modified Thu, 12 Dec 2024 07:28:22 GMT )
Декабр 12, 2024 12:28 Asia/Dushanbe
  • Матбуоти ғарбӣ чи чизро озоди меноманд?
    Матбуоти ғарбӣ чи чизро озоди меноманд?

Порс тудеӣ- корбари эронии шабакаи иҷтимоии "X" дар як твите аз нақши расонаҳои ғарбӣ дар таҳаввулоти Сурия ва аз бархӯрди дугонаи онҳо ба мафҳуми озодӣ интиқод кард.

Илҳом Обидинӣ, як корбари эронии шабакаи иҷтимоии "X", расми оташ ва дуди Димишқи Сурияро нашр кард ва дар шабакаи иҷтимоии X навишт: Ин Димишқ аст ва Исроил пойтахти Сурияро бомбаборон мекунад. Ба гузориши Порс тудеӣ, Обидинӣ афзуд: Ин ҳамалотҳо дар ҳоле анҷом мешаванд, ки режими саҳюнистӣ бо вуҷуди ба истилоҳ “оташбас” ба ҳамла ба рустоҳои ҷануби Лубнон идома медиҳад ва пайваста Ғаззаро ҳадаф қарор додааст.

Обидини дар идома таъкид кард: Ин ҳамон чизе аст ки матбуоти ғарби онро озоди меноманд!

Гутфани аст, ки дар пайи таҳаввулоти Сурия ва тасарруфи Димишқ аз сӯи террористон ва мухолифони мусаллаҳ, Бинямин Натаняҳу, нахуствазири Исроил, рӯзи якшанбе аз фурӯпошии тавофуқномаи "ҷудоӣ"-и Сурия ва режими саҳюнистӣ дар соли 1974 дар минтақаи Ҷулон ва фармон дод, ки минтақаи Буферӣ дар Ғулан ишғолшуда таҳти назорати ин режим хоҳад шуд.

Дар пайи ин амал манобеъи расонаӣ аз ишғоли манотиқи сарзамини Сурия аз сӯи артиши саҳюнистӣ хабар доданд ва аксҳои вуруди нирӯҳои ишғолии саҳюнистӣ ба вилояти Қунайтраи Сурияро мунташир карданд, бархе расонаҳо гузориш додаанд, ки саҳюнистҳо дар умқи 14 километр ба хоки Сурия ворид шудаанд.