Генерал Яҳё Сареъ, соҳиби садои дӯстдоштанӣ, кист?
(last modified Mon, 30 Dec 2024 07:19:20 GMT )
Декабр 30, 2024 12:19 Asia/Dushanbe
  • Генерал Яҳё Сареъ, соҳиби садои дӯстдоштанӣ, кист?

Порстудей-Корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ Яҳё Сареъро соҳиби садои дӯстдоштание, ки душманон аз он ҳарос доранд, тавсиф мекунанд.

Генерал Яҳё Сареъ-марди маҳбуби ин рӯзҳои ҷаҳони хабарӣ ва сухангӯи нируҳои мусаллаҳи Яман аз замони интисоб дар соли 2018, тавонист бо қироати баёнияҳо ва истифода аз расонаҳо ва иттилоърасонӣ, таваҷҷуҳоти ҷаҳониро ба муқовимати мардуми Яман ва ҳамчунин ҳимояти онон аз мардуми Фаластин ҷалб кунад.

 Ба гузориши Порстудей, ба тозагӣ низ аз Яҳё Сареъ филме дар шабакаҳои иҷтимоӣ мунташир шуда, ки вай бо адабиёти хосс ба Амрико ва режими саҳюнистӣ дар ҳадаф қарор додани Яман ҳушдор медиҳад.

 Генерал Яҳё Сареъ дар ин филм хитоб ба Амрико ва режими саҳюнистӣ мегӯяд: "Агар душман хатти қирмизҳое дорад, мо он хатти қирмизҳоро ҳам надорем, ба аҳдофе зарба хоҳем зад, ки на душман на ҳатто худи миллати Яман ва дигар миллатҳо фикршро ҳам намекунанд."

Корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ вайро соҳиби садои дӯстдоштане, ки душманон аз он ҳарос доранд, тавсиф мекунанд.

Image Caption

 

 Салво Умар-корбари шабакаи иҷтимоии Х  бо ишора ба лаҳн ва савти қироати баёнияҳое, ки Яҳё Сареъ мехонад, навишт: Ин садо беназир ва тезтар аз суръати овоз аст.

 Фаъоли дигар дар шабакаи иҷтимоии Х бо номи корбарии bedouine ба ҳароси душманон аз Яҳё Сареъ пардохт ва навишт: Амрико ва Исроил аз Яҳё Сареъ ваҳшат доранд.

 Сайидмуҳаммад Нақиб дигар корбари шабакаи иҷтимоии Х низ бо ишора ба ахборе, ки Яҳё Сареъ аз майдони набард бо душманон мухобира мекунад ва дар он бар идомаи муқовимат бо мустакбирон таъкид мекунад, навишт: "Ту мардӣ бародари яманӣ, Худо ҳифзат кунад"

 Аммо Яҳё Сареъ кист?

  Яҳё Сареъ дар соли 1970 дар устони Саъдаи Яман ба дунё омад ва даврони кӯдакии худро дар муҳити содда, аммо таҳти таъсири чолишҳои шадиди сиёсӣ ва иқтисодии Яман гузаронд.

 Ӯ дарсхонадаи риштаи улуми сиёсӣ аст ва алоқаи шадидаш ба улуми низомӣ боис шуд дар ҷавонӣ ба яке аз ниҳодҳои низомии Яман бипайвандад. Яҳё Сареъ тайи ин даврон омӯзишҳои густурдае дар заминаҳои низомӣ ва мудириятӣ дид ва бо нишон додани истеъдод ва тавоноииҳои худ ба мурур дар артиши Яман ҷойгоҳи болотаре касб кард. Ин таҷрибиёт поя ва асоси муваффақиятҳои баъдии ӯ дар мудирияти амалиётҳои стратегӣ ва иртибот бо расонаҳо шуд.

Image Caption

 

Бо оғози ҷанги Яман ва шиддат гирифтани даргириҳо дар соли 2015, Яҳё Сареъ ба сафи нируҳои мусаллаҳи Яман пайваст ва ба суръат ба яке аз афсарони барҷастаи артиш ин кишвар табдил шуд. Вай бо гирифтани дараҷаи сарҳангӣ дар соли 2017 ба раёсати бахши ҷанги равонии нируҳои мусаллаҳи Яман мансуб шуд. Дар миёнаҳои соли 2018 ба унвони раиси Идораи иршоди ахлоқи нируҳои мусаллаҳ мансуб шуд ва ба дараҷаи генералӣ расид.

Ӯ ҷойгоҳи вежае низ дар миёни нируҳои Ансоруллоҳ дорад ва дар соли 2018, Шӯрои олии сиёсии Яман ӯро ба унвони сухангӯи расмии нируҳои мусаллаҳ мансуб кард. Ин тасмим дар яке аз ҳассостарин давраҳои таърихии Яман гирифта шуд; ҳангоме ки ин кишвар таҳти шадидтарин ҳамалоти эътилофи саудӣ қарор дошт. Интихоби Яҳё Сареъ ба ин мақом нишондиҳандаи эътимоди комили Шӯрои олии сиёсӣ ба тавоноиҳои низомӣ ва мудириятии ӯ буд.

  Яҳё Сареъ дар соли 2018 ба унвони сухангӯи расмии нируҳои мусаллаҳи Яман мансуб шуд

 Аз замони интисоби Яҳё Сареъ ба унвони сухангӯи расмии нируҳои мусаллаҳи Яман, ӯ нақши калидӣ дар иттилоърсонӣ ва ҳамоҳангии расонаӣ ифо кардааст. Яҳё Сареъ бо интишори баёнияҳо ва изҳороти расмӣ аз тариқи расонаҳои Яман монанди телевизиони Аламасира, канал-телеграм ва ҳисобҳои тветтири худ, тавонистааст дидгоҳҳо ва мавозеъи нируҳои яманиро ба афкори умумӣ мунтақил кунад.

Image Caption

 

 Яке аз муҳиммтарин иқдомоти ӯ, мудирияти равонии амалиётҳои талофиҷуёна алайҳи таҳдидоти хориҷӣ аст; Ба вежа ҳамалот ба киштӣҳои тиҷории Исроил дар баҳри Сурх ва ҳадаф қарор додани паҳподҳои мутаҷовизи Амрико, ки бахше аз ин стратегияҳо ба шумор мераванд. Ин амалиётҳо ба эҷоди навъе боздорандагӣ дар баробари душманони Яман кумак карда ва нишон додаанд, ки неруҳои яманӣ тавоноии муқобила бо таҳдидоти печидаи хориҷиро доранд.

Image Caption