Интиқоли партобҳои заҳрогини корхонаи амрикоӣ дар Ҳинд; пас аз 40 сол
(last modified Sat, 04 Jan 2025 07:51:29 GMT )
Январ 04, 2025 12:51 Asia/Dushanbe

Партобҳои заҳрогин(зуболаҳои саммӣ) бузургтарин фоҷеаи саноъатии ҷаҳон дар Ҳиндустон пас аз чиҳил сол ба макони дигар бурда шуд.

Ба гузориши бахши байналмилалии хабаргузории Садо ва Симо аз Деҳлии нав, аз аввалин рӯзи соли 2025 дубора номи "Бупол" дар расонаҳои байналмилалӣ ва бавежа васоили иртиботи ҷамъии Ҳинд бар сари забонҳо ва сафаҳот хабарии маҷозӣ ва ҳақиқӣ афтод.

 Дар чанд рӯзи гузашта чандин контейнери бузург ҳудуди 350 тон зуболаи саммиро аз корхонаи амрикоии" Юнион Карбед "union carbide дар шаҳри Бупол-маркази иёлати Модёпродеши Ҳинд пас аз тайи 230 километр ба корхонае дар минтақаи "Битомпур" мунтақил карданд.

 Қарор аст зуболаҳо дар муддати се то нуҳ моҳ дар корхонаи Битомпур сӯзонда шавад.