Таҳқир, ихлол ё тасоҳуб; барномаи Трамп ва Маск барои Аврупо чист?
Порс тудей - Шояд дар камтари давроне ба андозаи ҳафтаҳои ахир, миёни Амрико ва Аврупо ин андоза танишу даргирии лафзӣ буда бошад.
Аз яксӯ, раисиҷумҳури мунтахаби Амрико барои тасоҳуби сарзаминии Канада ва ҷазираи Гренландияи Дания дурхез кардааст ва аз сӯи дигар, Илон Маск, аз наздиктарин афрод ба раисиҷумҳурии баъдии Амрико дар талош аст, давлатҳои Олмону Британияро ба зер бикашад.
Ба гузориши Порс тудей, Маск ҳатто то ҷое пеш рафтааст, ки дар паёме дар шабакаи иҷтимоии “Х” , як назарсанҷиро қарор дода, ки дар он пурсида шудааст, оё Амрико мардуми Британияро аз ҳукӯмати ситамгари ин кишвар наҷот диҳад ё хайр. Ишораи Маск ба давлати коргарии Британия будааст.
Дар муқобил низ, раҳбарони аврупоӣ аз Олмон то Британия ва Фаронса, қавиян дахолатҳои Маск дар умӯри дохилии худу талоши вай барои таъсиргузорӣ бар натоиҷи интихоботи ин кишварҳоро маҳкӯм кардаанд ва бархе аз таҳлилгарони сиёсӣ низ аз талоши амрикоиҳо барои ҳоким кардани фашизм бар Аврупо сухан гуфтаанд. Ин дар ҳоле аст, ки даниявиҳо ҳам қавиян дархости Трамп барои харидории ҷазираи Гренландияро рад кардаанд.
Бо таваҷуҳ ба ҷанги лафзии ду сӯи Уқёнуси Атлас, чунин ба назар мерасад, ки Амрико ва аврупо даврони пурталотумеро дар пеш дошта бошанд. Ҷараёни сиёсии пирӯз дар интихоботи раёсатҷумҳурии 2024 Амрико, ки аз онон таҳти унвони MAGA ёд мешавад, хоҳони ба зер кашида шудани давлатҳои чапгаро ва ҳатто давлатҳои рости миёна дар кишварҳои муттаҳиди Амрико ва рӯи кор омадани муҳофизакорону ростгароёни ифротӣ дар ин кишварҳо ҳастанд. Ҳадафи ҷараёни MAGA сирфан тағйири давлатҳо дар кишварҳои муттаҳиди Амрико нест, балки онон мехоҳанд давлатҳоеро бар сари кор биоваранд, ки таъмини манофеи Иёлоти муттаҳида барои онон аз таъмини манофеи миллии кишварҳояшон муҳимтар бидонанд.
Доналд Трамп ошкоро аврупоиҳоро таҳдид кардааст, ки агар нафту гази бештаре аз Амрико харидорӣ накунанд, тарофаҳои сангине бар воридоти колоҳои аврупоӣ ба Амрико вазъ хоҳад кард. Ин тарофаҳо метавонад латамоти сангине ба тавлидкунандагони аврупоӣ ворид кунад, он ҳам дар ҳоле, ки Аврупо ба шиддат зери фишори иқтисодии ношӣ аз паёмадҳои боқимонда аз қарантинаҳои Ковид – 19 ва афзоиши қиммати энержӣ дар пайи ҷанги Украина аст.
Трампу ҳомиёнаш умедвор ҳастанд, аврупоиҳо шароити душвори амрикоиҳоро бипазиранд ва ба он тан диҳанд. Аммо то замоне, ки давлатҳои чапгаро ё рости миёна дар Аврупо бар сар кор бошанд, таҳаққуқи ин ҳадаф, душвор хоҳанд буд. Ба ҳамин далел, сарватмандтарин марди ҷаҳон ва молики шабакаи таъсиргузори “Х” ба майдон омадааст то бо роҳ андохтани ҷанги таблиғотӣ алайҳи ин давлатҳо, ононро бо давлатҳои ҳамсутар, ҷойгузин кунад. То ҳоло ин рӯйкард дар қиболи Канада, ки нахуствазираш, Justin Trudeau истеъфо дода, ҷавоб додааст. Илон Маск дар талош аст, ҳамин иттифоқро дар Олмону Британия низ рақам бизанд, ду кишваре, ки бидуни ҳамоҳангӣ бо он, кишварҳои кучактару заъифтари Аврупо, аз Амрикои Трамп тамкин нахоҳанд кард.
Албатта баназар намерасад, ҳатто бо сарнагунии бархе давлатҳои аврупоӣ, шаҳрвандони Аврупо ба тавсеаталабии Доналд Трамп ва мудохилаҷӯиҳои идеологии Илон Маск тан диҳанд. Аз ин рӯ, метавон пешбинӣ кард, ки муқовиматҳое дар Аврупо шакл бигирад, ки асари он бар равобити деринаи дӯстии ду сӯи Атлантика асари мухарриб барҷо хоҳад гузошт. Бо ин ҳол, ҷараёни MAGA дар Амрико муътақид аст, Иёлоти муттаҳидаи Амрико ба лиҳози сиёсӣ ва иқтисодӣ ба қадари кофӣ қудратманд аст, ки битавонад аврупоиҳоро ба тамкин водор намояд ва агар чунин нашуд, қудрати низомии Амрико метавонад, пуштвонаи фишори Амрико бар Аврупо дар назар гирифта шавад.
Дар чунин шароите, Аврупо, ки худро токунӯн дар маърази таҳдидҳои Русия тасаввур мекард, дар баробари сиёсати таҳоҷумӣ ва манфиатталабонаи амрикоиҳо бедифо эҳсос хоҳад кард; сиёсате, ки бо пирӯзии Доналд Трамп дар интихоботи 2024, рӯз ба рӯз таҳоҷумитару манфиатталабонатар мешавад.