Боздошти раиси пешини Горди муҳофизони Эрдуғон
https://parstoday.ir/tg/news/world-i11857-Боздошти_раиси_пешини_Горди_муҳофизони_Эрдуғон
Расонаҳои Туркия аз боздошти раиси пешини горди муҳофизони раиси ҷумҳурии Туркия ба иттиҳоми даст доштан дар иқдомоти террористӣ хабар доданд.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Январ 15, 2017 14:00 Asia/Dushanbe
  • Боздошти раиси пешини Горди муҳофизони Эрдуғон

Расонаҳои Туркия аз боздошти раиси пешини горди муҳофизони раиси ҷумҳурии Туркия ба иттиҳоми даст доштан дар иқдомоти террористӣ хабар доданд.

Ба гузориши хабаргузории “Форс”, хабаргузории “Дуғон”-и Туркия гузориш дод, ки полиси ин кишвар Максут (Мақсуд) Корол, (Maksut Karal), раиси пешини Горди муҳофизони Раҷаб Тайиб Эрдуғонро ба иттиҳоми даст доштан дар иқдомоти террористӣ боздошт кардааст.

Корол дар яке аз шаҳрҳои вилояти Анталия, дар ҷануби Туркия боздошт шудааст.

Бар асоси ин хабар, Корол ба ҳамкорӣ бо созмони “Фето”, ки ба ташкилоти Фатҳуллоҳ Гулен муртабит аст, муттаҳам шудааст.

Баъд аз террори сафири Русия дар Туркия ба дасти яке аз нерӯҳои муҳофизи ӯ, ки пештар дар полиси зиддишӯришии Туркия ҳам фаъолият дошт, ин ҳадс матраҳ шуд, ки шояд Эрдуғон ҳам дар хатари террор ба дасти муҳофизони худ будааст.