Салливан: Даврони бартарии Амрико пеш аз Байден ба поён расида буд
(last modified Wed, 15 Jan 2025 08:12:28 GMT )
Январ 15, 2025 13:12 Asia/Dushanbe
  • Салливан: Даврони бартарии Амрико пеш аз Байден ба поён расида буд

Ҷейк Салливан, мушовири амнияти миллии Кохи Сафед дар гуфтугу бо нашрияи амрикоии «Ню-Йорк Таймс» бо ишора ба поён ёфтани низоми таҳти султаи Амрико гуфт: «Даврон пас аз Ҷанги сард тамом шудааст; давраи бартарии Амрико аз даҳаи 90 ва авоили даҳаи 2000 ба поён расидааст. Қабл аз рӯи кор омадани давлати Байден, даврони бартарии Амрико ба поён расида буд.»

Ба гузориши Порс тудей, Салливан дар идома ба ҷанги Ғазза пардохт ва дар тавҷеҳи ҳамалоти режими саҳюнистӣ ба бемористонҳо, масоҷид, килисоҳо ва дигар манотиқи ғайринизомии Ғазза, Ҳамосро ба истифода аз мадорис, масоҷиду бемористонҳо барои масорифи низомӣ муттаҳам кард.

Ин дар ҳоле аст, ки ин иддао тавассути Созмони Милали Муттаҳид, кишварҳои аврупоӣ ва ҳатто бархе мақомоти режими саҳюнистӣ ва амрикоӣ рад шудааст. Тибқи гузориши Созмони Милали Муттаҳид, беш аз 70 дарсади шуҳадои Ғаззаро занону кӯдакон ташкил медиҳанд.

Мушовири амнияти миллии Кохи Сафед дар идомаи суханони худ, аз тасмими Байден барои ирсоли таслеҳот ба режими саҳюнистӣ дифо кард ва гуфт: «Наметавонем ирсоли таслеҳот ба Исроилро мутаваққиф кунем.»