Небензя: Амрико омили бӯҳрони Ғарби Осиё
-
Небензя: Амрико омили бӯҳрони Ғарби Осиё
«Василий Небензя» Намояндаи доими Русия дар Созмони Милал
Порс тудей- Намояндаи доими Русия дар Созмони Милал таъкид кард: Ташддиди бӯҳрони кунунӣ дар Ғарби Осиё, ки токунун бадин шакл собиқа надошта, натиҷаи сиёсатгузориҳои фоҷеъабори Амрико аст.
«Василий Небензя» Намояндаи доими Русия дар Созмони Милал гуфт: Бӯҳронҳои Ғарби Осиё дар натиҷаи амалиёти низомии бесобиқаи режими Исроил нашъат мегирад, ки ин амалиётҳо аз ҳимояти беқайду шарти низомӣ ва байналмиллалӣ аз сӯйи Вашингтон бархурдор буданд.
Ин дипламати аршади рус хотирнишон кард: « Сиёсатҳои фоҷеъаборӣ Амрико чизе ҷузъ эҷоди вазъияти бӯҳроние, ки акнун дар саросари минтақаи Ғарби Осиё, ғайри низомиён ва ҳофизони сулҳи онро даргир карда, дар пай надоштааст.»
Дар ҳамин замина, Берни Сандерс сенатори амрикоӣ дар изҳороте гуфт, ки Амрико бо ирсоли силоҳ барои Бинёмин Натанияҳу дар иртикоби наслкӯши ва ҷиноёт дар Ғазза мушорикат кардааст.
Понздаҳ моҳ аз наслкӯшии мардуми Ғазза тавассути режими саҳюнистӣ таҳти кӯмакҳои сиёсӣ ва низомии Амрико мегузарад ва ҳимоятиҳои Амрико аз ин режим сабаби эътирози густардаи ҳомиёни адолат шудааст.