Январ 16, 2017 09:58 Asia/Dushanbe
  • Раъйи муқаддамотии Парлумони Туркия ба афзоиши қудрати Эрдуғон

Намояндагони парлумони Туркия пас аз соатҳо баҳс, даргирӣ ва таниш, ба сурати муқаддамотӣ аз Қонуни асосии ҷадиди ин кишвар ҳимоят карданд.

Ба иттилои Алъолам, мунтақидони ин тарҳ мегӯянд, афзоиши ихтиёроти Раҷаб Тайиб Эрдуғон, раисҷумҳури Туркия дар ниҳоят ба диктаторӣ мунҷар хоҳад шуд.

Мароҳили тасвиби ин тарҳ дар Парлумони Туркия, ки аз нуҳуми январ оғоз шуда, ба се қисмат тақсим шудааст, ки дар ҳоли ҳозир бахши нахусти он мавриди тайид қарор гирифтааст.

Тарҳи ислоҳи Қонуни асосии Туркия дар шароите оғоз шудааст, ки Эрдуғони таҳти фишори дохилӣ ва хориҷии ношӣ аз саркуби мухолифону мунтақидон пас аз кудатои низомии нофарҷоми 15 июли ин кишвар қарор дорад.

Ҳаргуна ислоҳи Қонуни асосии Туркия барои инки ниёз ба ҳамапурсӣ надошта бошад, ба ҳимояти ҳадди ақали 367 намоянда аз 550 намояндаи парлумон ниёз дорад.

Барои онки ин тарҳ дар Парлумони Туркия тасвиб шавад ва сипас ба ҳамапурсӣ гузошта шавад низ бояд дастикам 330 намоянда аз 550 намоянда бо он мувофиқат кунанд.

Дар сурати тасвиби Қонуни асосии ҷадиди Туркия, пости нахуствазир барои ҳамеша аз системаи сиёсии Туркия ҳазф ва раисҷумҳур масъули мустақими таъини вазирон хоҳад шуд.