Вогироӣ миёни аъзои Иттиҳоди Аврупо дар хусуси ҳимоят аз Украина
(last modified Tue, 25 Feb 2025 08:28:24 GMT )
Феврал 25, 2025 13:28 Asia/Dushanbe
  • Вогироӣ миёни аъзои Иттиҳоди Аврупо дар хусуси ҳимоят аз Украина

Порс-Тудей. Намояндагони Амрикову Русия дар нишасти Риёз дар ҳоле нахустин қадамҳои рӯ ба пеш дар масъалаи Украинаро бардоштанд, ки ду нишасти сарони Брюссел дар Порис беш аз натиҷабахшӣ, вогироӣ ё носозгориву дугонагиро ба тасвир кашид.

Бо гузашти ҳудуди се сол аз буҳрони Украина ба унвони яке аз печидатарину ҳассостарин буҳронҳои геополитикӣ дар ҷаҳон, ин рӯзҳо музокирот барои ҳаллу фасли он бо рӯи кор омадани Доналд Трамп, раиси ҷумҳурии ҷадиди Амрико суръат гирифтааст.

Ба гузориши “Порс-Тудей”, ба нақл аз хабаргузории “Меҳр”, тайи ҳафтаи ахир аз як сӯ мавозеи Маскав – Вашингтон ва дидори намояндагони онҳо дар Арабистони Саудӣ, он ҳам бидуни ҳамоҳангӣ бо Украина ва Иттиҳоди Аврупо баргузор шуд ва аз сӯи дигар, кишварҳои аврупоӣ бо меҳварияти Фаронса нишастҳоеро дар Порис баргузор карданд.

Дар ҳамин ҳол, Владимир Путин, раиси ҷумҳурии Русия ва Доналд Трамп, раиси ҷумҳурии Амрико шомгоҳи чаҳоршанбеи 12 феврал дар гуфтугӯи телефонӣ барои дидори ҳузурӣ ибрози умедворӣ карданд. Агарчӣ ҳанӯз таърихи ин дидор мушаххас ва эълом нашудааст, аммо нафси ин гуфтугӯи телефонӣ ва барномарезӣ барои дидори бидуни дар назар гирифтани мулоҳизоти Украина ва муттаҳидони аврупоӣ, нишондиҳандаи печидагиҳои ҷадиди дипломатӣ ва афзоиши беэътимодӣ дар равобити ду сӯи Атлантика аст.

Пас аз ин гуфтугӯи телефонии Трампу Путин, Сергей Лавров, вазири умури хориҷаи Русия ва Марко Рубио, вазири умури хориҷаи Амрико сешанбеи 18 феврал дар Риёз дидору гуфтугӯ карданд. Гуфтугӯе ки дар ғиёби намояндагони Украина ва Аврупо баргузор ва аз сӯи ду тарафи музокиракунанда “созанда” тавсиф шуд.

Ҳамзамон бо музокироти намояндагони Трампу Путин дар Риёз, Эммануэл Макрон, раиси ҷумҳурии Фаронса, ҳафтаи гузашта ду нишаст дар Порис бо фосилаи замонии дурӯза дар иртибот бо ҷанги Украина баргузор карду ҳудуди 15 кишвар ба сурати ҳузурӣ ва ё аз тариқи видеоконфронс дар ин нишаст ширкат карданд.

Дар ҷараёни ин иҷлос, раҳбарони аврупоӣ эълом карданд, ки ҳазинаҳои дифоии худро афзоиш хоҳанд дод ва тавофуқ карданд, ки Украина бояд дар тасмимгириҳои марбут ба ояндаи худ нақш дошта бошад.

Дар ин миён, яке аз масоиле ки дар нишасти Порис ба чашм мехӯрд, вогироӣ миёни аъзои Иттиҳоди Аврупо дар хусуси ҳимоят аз Украина буд. Вогироие ки аз нигоҳи нозирон, ношӣ аз тафовути дидгоҳ миёни кишварҳои аврупоӣ ва ихтилофоти дохилӣ дар хусуси сиёсатҳои Амрико буд.

Бархе кишварҳои Иттиҳоди Аврупо ҳанӯз дар қиболи Украина ҳомии сиёсатҳои Амрико ҳастанд, дар ҳоле ки дигарон мумкин аст тамоюл ба рӯйгардонӣ аз сиёсатҳои Кохи Сафед пайдо кунанд. Бо тавваҷуҳ ба печидагиҳои мавҷуд дар музокироту ихтилофоти дохилӣ дар миёни кишварҳои ғарбӣ, ояндаи буҳрони Украина ҳамчунон дар ҳолае аз ибҳом қарор дорад.

Дар ин шароит, дипломатияи ғайрирасмӣ ва таомулоти пуштипарда метавонад бар раванди буҳрон таъсир бигузорад, аммо ёфтани як роҳи ҳалли пойдору ҷомеъ барои поён додан ба ҷанги сесола дар Украина, амре душвор ва печида аст ва бисёр бештар аз 24 соате ки Трамп муддаӣ шуда буд, ҳаллу фасли он замон хоҳад бурд.