«Рӯзи ҷаҳонии Ҳиҷоб» ; рӯйдоде барои мубориза бо табъиз алайҳи занони мусулмон
(last modified Sat, 01 Feb 2025 08:34:36 GMT )
Феврал 01, 2025 13:34 Asia/Dushanbe
  • «Рӯзи ҷаҳонии Ҳиҷоб» ; рӯйдоде барои мубориза бо табъиз алайҳи занони мусулмон

Занопорстудей-Аввали феврали 2025, сездаҳумин солгарди «рӯзи ҷаҳонии Ҳиҷоб» аст, ки дар Аврупо ва Амрико тавассути ташаккулҳои исломӣ ва бо ҳадафи эътироз ба табъиз алайҳи занони мусулмон пос дошта мешавад.

 Рӯзи ҷаҳонии Ҳиҷоб, яке аз муносибатҳои байналмилалии муртабит бо наҳваи пӯшиши занон дар иҷтимоъ аст.

 Ба гузориши Порстудей, дар ин рӯз занони мусулмон ва мӯҳаҷҷаба бо ҳузур дар иҷтимоъот аз занони ғайримусулмон аз адён мухталиф, дархост мекунанд то як рӯзро бо ҳиҷоб гузаронда ва таҷрибаи худ аз пӯшиши ҳиҷобро баён кунанд.

 Ҳадаф аз баргузории ин рӯз тасҳеҳи ҳар гуна бовари ғалат дар мавриди ҳиҷоб ва занони мусулмон ва расондани ин паём ба занони ҷаҳон аст, ки ҳиҷоб монеъи фаъолияти иҷтимоӣ нест.

 Анҷумани миллии омӯзиш ва парвариши Амрико аз муаллимон ва донишомӯзон хостааст, то бо ҳимоят аз духтарон ва занони мусулмоне, ки ба далели доро будани ҳиҷоб аз табъиз ранҷ мебаранд, дар маросими ин рӯз ширкат кунанд.

 Ин рӯз ба унвони бахше аз талоши ҳадафманд барои мубориза бо кӯтаҳфикрӣ, табъиз ва таассубе аст, ки занони мусулмон ба далели доштани ҳиҷоб бо он мувоҷиҳ ҳастанд.

 Баргузоркунандагони ин рӯз таъкид карданд, ки ин рӯз фурсате барои нишон додани арзиши танаввӯъ ва ҷашн гирифтан ба унвони нируе аст, ки ҷаҳонро муттаҳид мекунад.

 Шӯрои равобити Амрико – Ислом( cair), ки бузургтарин созмони ҳуқуқи мадании мусулмонон дар Иёлоти муттаҳида аст, дар бораи ин рӯз эълом кард: Имсол рӯзи ҷаҳонии Ҳиҷоб бо шиори «ҳиҷоб, садое, ки сокит намешавад» анҷом мешавад, то қудрат ва истиқомати занони мӯҳаҷҷаба дар баробари чолишҳо мунъакис шавад, ба тавре, ки шиори ҳиҷобро ба унвони намоде аз тавонмандӣ, ҳувият, ҳамбастагӣ бо тамаркуз бар бузург ҷилва додани садои занони мӯҳаҷҷаба дар сатҳи ҷаҳон нишон медиҳанд.

 Шӯрои равобити Амрико - Ислом дар тавзеҳи пӯиши мавриди ишора афзудааст: «Рӯзи ҷаҳони Ҳиҷоб» ба заминаи огоҳибахшӣ барои тақвияти гуфтугӯ ва тағйири боварҳои иштибоҳ табдил шудааст, зеро ҳиҷоб танҳо як либос нест, балки намоде аст, ки эътиқодот ва ҳувияти соҳибони онро дар ҷаҳон мунъакис мекунад, ки бо вуҷуди танаввӯъ ба думболи ваҳдат аст.