Русия: Нишасти Лондон, гирдиҳамоии русҳаросӣ буд/ Маҷористон: Бӯи хатар меояд
-
Акси самти рост: нишасти Лондон
Порс-Тудей. Сухангӯи Кремл ҳадаф аз баргузории нишасти Лондон дар бораи афзоиши кумакҳои молӣ ба Украинаро талоши Аврупо барои идомаи ҷанг донист.
Рӯзи якшанбеи дувуми марти соли 2025 нишасте дар Лондон барои гуфтугӯ дар бораи сулҳ дар Украина бо ҳузури сарони кишварҳои аврупоӣ баргузор шуд ва бо ироаи тарҳи Англияву Фаронса барои барқарории оташбаси муваққат поён ёфт.
Ба гузориши “Порс-Тудей”, Дмитрий Песков, сухангӯи Кремл рӯзи душанбе гуфт, тавофуқи раҳбарони аврупоӣ дар нишасти Лондон на барои дастёбӣ ба сулҳ, балки бо ҳадафи идомаи ҷанг буд.
Ваии афзуд: Дар ҳоли ҳозир ҳар гуна ибтикори созанда барои ҳалли муноқишаи Украина мавриди ниёз аст.
Песков хотирнишон кард, ки агар аврупоиҳо метавонанд Владимир Зеленский, раисиҷумҳури Украинаро мутақоид ба музокира кунанд, онҳоро таҳсин кунед.
Англия: Нақши Амрико дар сулҳи Украина ҳаётӣ аст
Аз сӯи дигар, Киер Стармер, нахуствазири Англия рӯзи якшанбе, пас аз мизбонии иҷлоси байналмилалӣ дар бораи ояндаи ҷанги Украина ва таъкид бар нақши Аврупо дар тазмини амнияти ин қора, ихтилофи ошкор миёни руасои ҷумҳурии Амрикову Украинаро нигаронкунанда хонд ва гуфт, ки бидуни ҳимояти қотеи Вашингтон, сулҳи пойдор дар Украина дастёфтанӣ нахоҳад буд.
Медведев: Нишасти Лондон гирдиҳамоии русҳаросӣ буд
Дар ҳамин ҳол Дмитрий Медведев, муовини раиси Шӯрои амнияти миллии Русия нишасти ғайрирасмии раҳбарони аврупоӣ дар Лондонро гирдиҳамоии русҳаросӣ хонд. Медведев афзуд: Русҳаросон зидди Трамп дар Лондон гирдиҳам омаданд то ба кутулаи нозӣ дар Киев ибрози вафодорӣ кунанд. Онҳо мехоҳанд то охирин сарбози украинӣ биҷанганд.
Мақоми рус: Нишасти Лондон обрӯи Зеленскийро боз намегардонад
Леонид Слутский, раиси Кумитаи умури байналмилали Думаи давлатии Русия низ ба тозагӣ гуфт, ки нишасти Лондон обрӯи барбодрафтаи Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украинаро пас аз музокирот бо Доналд Трамп, раисиҷумҳури Амрико дар Кохи Сафед боз намегардонад. Ин мақоми рус хотирнишон кард, иҷлоси Лондон раҳбар (украинӣ)-и нозиҳоро наҷот нахоҳад дод. Натиҷа сифр аст.
Маҷористон: Натоиҷи нишасти Лондон хатарнок аст
Виктор Орбан, нахуствазири Маҷористон дар ҳафтаи ахир нишасти раҳбарони аврупоӣ дар Лондонро хатарнок хонд ва гуфт, ки онҳо тасмим ба идомаи ҷанг дар Украина гирифтанд ва ин кишварро барои анҷоми ин кор таҳти фишор қарор доданд. Орбан гуфт: Раҳбарони аврупоӣ дар Лондон тасмим гирифтанд, ки ба ҷои интихоби сулҳ, ба ҷанг идома диҳанд. Ин бад, хатарнок ва иштибоҳ аст.