Guardian: Амрико дар гаравгони гурӯҳе аз авбошони рости ифротӣ аст
Порс тудей - Рӯзномаи Guardian, раисиҷумҳури Амрикоро мунодии «беахлоқ» дар ҷаҳон арзёбӣ кард.
Саймона Тисдейл, сутуннависи ин рӯзнома рӯзи душанбе тайи ёддоште навишт: «Дар дунёе қарор дорем, ки аксари қавонин ва иттиҳодҳо шикаста шуда ва беназмӣ ва муомилоти нобиҳанҷор дар он мавҷ мезанаду раисиҷумҳури Амрико мунодии пурсару садои он аст.»
Ба гузориши Порс тудей, Саймона Тисдейл муътақид аст, Трампу иқдомоташ дар ҳафтаҳои гузашта дунёе батасвир кашидааст, ки ношӣ аз ғурури худхоҳона ва дурӯғҳои вақеҳона аст.
Вай гуфт: Трамп ба афрод ва ҳатто раҳбарони кишварҳои дигар аҳамияте намедиҳад ва ҳатто либоси онҳоро масхара мекунад, ки ҳатто садои сенаторҳои амрикоиро низ даровардааст.
Сутуннавис бо баёни инки Амрико гаравгони гурӯҳе аз авбошони рости ифротӣ аст, менависад: Муқовимат дар баробари Трамп коре аст, ки раҳбарони кишварҳои аврупоӣ бояд анҷом диҳанд.
Вай бо ишора ба инки тарафдорони Трамп ба созмонҳои давлатӣ, қувваи қазоия ва матбуоти озод ҳамла мекунанд, афзуд: Касоне, ки бар хилофи ин равия рафтор кунанд аз сӯи ин гуруҳи худкома танбеҳ хоҳанд шуд.