Намояндаи парлумони Аврупо: Амрикоиҳо муҷасамаи "Озоди"-ро пас диҳанд
(last modified Tue, 18 Mar 2025 11:37:46 GMT )
Март 18, 2025 16:37 Asia/Dushanbe
  • Панояндаи парлумони Аврупо: Амрикоиҳо \\\\\\\
    Панояндаи парлумони Аврупо: Амрикоиҳо \\\\\\\"Муҷасамаи Озоди\\\\\\\"-ро пас диҳанд

Порс-Тудей. Як намояндаи фаронсавии Парлумони Аврупо бо интиқод аз сиёсатҳои раиси ҷумҳури Амрико дар қиболи кишварҳои дигар гуфт, ки вақти он расидааст муҷасамаи "Озодӣ" ба кишвари Фаронса бозгардад.

Рафаэл Глюксман, намояндаи фаронсавии Парлумони Аврупо эълом кард, ки вақти он аст "бонуи сабз" (муҷасамаи Озодӣ) ба хона бозгардад. Муҷасамаи "Озодӣ" дар Ню-Йорк яке аз маъруфтарин муҷасамаҳое аст, ки дар қарни нуздаҳуми мелодӣ тавассути фаронсавиҳо сохта шуд ва 93 метр баландӣ дорад.

Ба гузориши "Порс-Тудей", ба нақл аз гузориши рузи душанбеи ИРНА, Рафаэл Глюксман зимни интиқод аз сиёсатҳои Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико дар қиболи кишварҳои дигар афзуд: Амрико дигар намояндаи арзишҳое нест, ки боис шуд Фаронса муҷасамаи "Озоди"-ро ба ин кишвар ҳадя кунад.

 

Фаронса хостори таҳрими авомили ҳамла ба алавиёни Сурия шуд

Дар хабари дигар аз Фаронса Жан-Ноэл Баро, вазири хориҷаи ин кишвар пешниҳод кард, авомили ҳамла ба алавиёни Сурия таҳрим шаванд. Баро гуфт, ки вай рӯзи душанбе ин пешниҳодро дар нишасти Шӯрои вазирони хориҷаи Иттиҳоди Аврупо матраҳ кардааст.

 

Таъкиди Эрон ба Аврупо бар ҳифзи таомул бар асоси манофеи муштарак

Ахиран дар тамоси телефонии вазирони хориҷаи Эрон - Ҳоланд, Сайид Аббоси Ироқчӣ, вазири хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Эрон бо таъкид бар руйкарди давлати Эрон барои пайгирии равобити хуби дипломатӣ эълом кард, ки Теҳрон омодаи таомул ва гуфтугу бо кишварҳои аврупоӣ бар асоси эҳтироми мутақобил ва манофеи муштарак аст.