Ҷузъиёти қарордоди маводи маъданӣ чист? Оё Украина мустаъмираи Амрико хоҳад шуд?
(last modified Sat, 29 Mar 2025 09:12:57 GMT )
Март 29, 2025 14:12 Asia/Dushanbe
  • Ҷузъиёти қарордоди маводи маъданӣ чист? Оё Украина мустаъмираи Амрико хоҳад шуд?

Порс Тудей - Бинобар эъломи Индепендент, қарордоди ҷадиде, ки аз сӯи Амрико ба Украина ироа шуда, илова бар мутолибаи бахши азиме аз сарвати Украина, кантроли зерсохтҳои ҳаётии онро ба Вашингтон медиҳад.

Рӯзномаи англисии Индепендент мегуяд, қарордоди ҷадиде, ки Амрико дар бораи маводи маъдании Украина ироа карда, на танҳо ҳеҷ тазмини амниятӣ ба давлати Киев ироа намекунад, балки ҳатто ин кишварро маҷбур мекунад, байни ишғол шудан тавассути Русия ва табдил шудан ба мустаъмираи иқтисодии Амрико як гузинаро интихоб кунад.

Ба гузориши Порс Тудей ба нақл аз бошгоҳи хабарнигорон, ин қарордод, ки нисбат ба қарордоди қаблӣ бисёр тағйир карда, беш аз ҳар замони дигаре талош мекунад, Украинаро водор кунад тамомии кумакҳои молӣ ва низомии Амрико дар тӯли ҷангро пас диҳад ва ҳатто 4 дарсад суди онро низ ба бозпардохтҳо изофа мекунад. Илова бар ин, Амрико мехоҳад бештар тавлидоти саноатии Украин ва бахши азиме аз системаи ҳамлу нақлу иртибототи онро кантрол кунад.

Намояндагони порлумони Украина ба Индепендент гуфтанд, ки ҳатто агар Владимир Зеленский,раисиҷумҳури ин пешниҳодро имзо кунад, ки баъид ба назар мерасад, қарордоди мазкӯр ҳеҷ шонсе барои тасвиб шудан тавассути маҷлиси қонунгузории Украина нахоҳад дошт. Александр Мережко, раиси Кумитаи равобити хориҷии порлумони Украина гуфт: «Ин пешниҳод ба таври комил қавонини байналмилалӣ ва қонуни асосии Украинаро нодида мегирад».

Қарордоди маводи маъдании ҷадид ба шакли як қарордоди тиҷорӣ таҳти қавонини Амрико танзим шуда, дар сурате, ки иҷрои он дар хоки Украина хоҳад буд. Ин қарордод тасреҳ мекунад, ки Украина ва Амрико ҳаққи имтиёзи нафт, газу ҳамаи маводи маъданиро тақсим хоҳанд кард. Суди фуруши манобе ба доллар ба Амрико пардохт мешавад ва дар як сандӯқи сармоягузории муштарак қарор мегирад. Аммо ҳайати мудирае, ки барои ин сандӯқ тасмимгирӣ мекунад 5 узв дорад, ки 3 узви он амрикоӣ хоҳанд буд.

Ин қарордод тамоми зерсохтҳои мавриди истифода дар баҳрабардорӣ аз маҳсӯлоти маъданӣ монанди қаторҳо, ҷодаҳо, фурудгоҳҳо, банодир, хутути лӯла, корхонаҳои фароварӣ ва полоишгоҳҳоро пӯшиш медиҳад ва ба Амрико ҳаққи вето бар фуруши манобе ба соири кишварҳо ё ниҳодҳоро медиҳад.

Шоёни зикр аст, ки Трамп дар китоби ҳунари муомилагарии худ тавзеҳ медиҳад пеш аз мунъақид кардани як қарордод бояд тарафи муқобилро дар мавзеи заъфу тарс қарор дод то ҳозир ба додани имтиёз шавад.