Январ 16, 2017 20:11 Asia/Dushanbe
  • Тасвиби нахустин бахши лоиҳаи тағйирот ба Қонуни Асосӣ дар парлумони Туркия

Бахши нахустини лоиҳаи тағйирот ба Қонуни Асосии Туркия пас аз соатҳо баҳс, даргирӣ ва мухолифат дар парлумон тасвиб шуд.

Баррасии тағйирот ба Қонуни Асосии ҷадиди Туркия аз рӯзи 9-уми январ оғоз шудааст. Дар лоиҳаи тағйирот ба Қонуни Асосии Туркия интиқоли салоҳиятҳои нахуствазир ҳамчун мақоми ҳокимияти иҷроия ба раисҷумҳур пешбинӣ шудааст. Дар Қонуни Асосии феълии Туркия салоҳияти раисумҳур бештар ҷанбаи ташрифотӣ дорад. Тибқи тағйироте, ки пешниҳод шудааст, раёсатҷумҳури феълӣ, Эрдуғон ва шумориши давраҳои раёсатҷумҳурии ӯ барои роҳандозӣ намудани маҳдудият аз соли 2019 оғоз мешавад. Ба ин тартиб, дар сурати тасвиби тағйироти ҷадид дар Қонуни Асосии Туркия Раҷаб Тайиб Эрдуғон аз соли 2019 метавонад ду давраи панҷсолаи дигар, яъне то соли 2029 ба унвони раисҷумҳури Туркия интихоб шавад.

Лоиҳаи тағйири Қонуни Асосии Туркия ва гузаштан аз низоми парлумонӣ ба президентӣ дар шароите пеш омадааст, ки ҳукумати Ҳизби адолат ва тавсеа таҳти фишорҳои дохилию хориҷӣ бинобар саркӯб намудани мухолифон ва мунтақидон пас аз табаддулоти нофарҷоми 15 июл дар ин кишвар қарор дорад ва Ҳизби демократии халқҳо ин тарҳро таҳрим кардааст. Мунтақидони ин тарҳ эълом кардаанд, ки афзоиши салоҳиятҳои Раҷаб Тайиб Эрдуғон, раисҷумҳури Туркия саранҷом ӯро ба диктаторе табдил хоҳад дод.  

Баррасии лоиҳаи тағйирот ба Қонуни Асосии Туркия дар парлумон дар ҳоле аст, ки ҳизби тарафдори курдҳо дар Туркия пештар эълом кардааст, ки дар нишастҳои парлумон барои раъйдиҳӣ дар бораи Қонуни Асосии ҷадиди ин кишвар ширкат нахоҳад кард. Дар ҳоли ҳозир 11 намоянда аз 59 намояндаи Ҳизби демократии халқҳо дар парлумон ба иттиҳоми ҳимоят аз Ҳизби коргарони Курдистони Туркия (ПКК) маҳбус ҳастанд. Бо вуҷуди ин Салоҳуддин Дамиртош, раҳбари Ҳизби демократии халқҳо, ки дар зиндон ба сар мебарад, бо ирсоли номае ба парлумон хоҳони ҳаққи раъй барои тамоми намояндагони ҳизбаш шудааст. Дар сурати мушорикат накардани Ҳизби демократии халқҳои Туркия дар нишастҳои парлумон теъдоди намояндагони мухолиф кам хоҳад шуд ва лоиҳаи тағйири Қонуни Асосии Туркия бо мухолифатҳои камтаре ба тасвиби ниҳоӣ хоҳад расид. Бавижа Ҳизби адолат ва тавсеа бо раҳбарии Раҷаб Тайиб Эрдуғон бо Ҳизби ҳаракати миллӣ бо раҳбарии Давлат Боғчалӣ дар робита ба тағйир додани Қонуни Асосии Туркия бо якдигар ба тафоҳум расидаанд. Маҷмӯи овозҳои ин ду ҳизб дар парлумон ба 355 раъй мерасад. Ба манзури касби ҳадди аксари овозҳо ва бо вуҷуди эътирози намояндагони аҳзоби мухолиф раъйдиҳӣ дар саҳни парлумони Туркия ба сурати ошкоро анҷом мешавад. Ин иқдоми намояндагони мувофиқ, бавижа намояндагони Ҳизби ҳаракати миллии Туркияро маҷбур мекунад, ки мувофиқ бо дидгоҳи раҳбари ин ҳизб мавзеъгирӣ кунанд. Дар ҳоле ки агар раъйдиҳӣ махфӣ анҷом шавад, мумкин аст, бархе аз аъзои ин ҳизб ба қарорҳо дар бораи лоиҳаи тағйири Қонуни Асосии Туркия раъйи манфӣ бидиҳанд.

Дар маҷмӯъ, бо таваҷҷуҳ ба эътилофи ҳизби ҳоким ва Ҳизби ҳаракати миллии Туркия баъид аст, ки тағйироти Қонуни Асосии Туркия ба ҳамапурсӣ гузошта нашавад. Дар айни ҳол, бо ҷонибдорӣ аз бархе андешаҳои сарони аҳзоби мухолиф ҷомеаи Туркия ба ду қисм ҷудо шудааст. Бо баррасии амалҳои Раҷаб Тайиб Эрдуғон, раисҷумҳури Туркия дар умури дохилӣ ва кишварҳои минтақа мардуми Туркия дар ҳоли ҳозир нигарони инҳисори қудрат дар дасти як фард ва диктатор, шахси раисҷумҳур дар оянда ҳастанд. Бадеҳист, ки ин нигоҳҳо гирифтани раъйи мусбат дар ҳамапурсии ояндаро ба шакку тардидҳо мувоҷеҳ хоҳад кард.