Январ 17, 2017 12:50 Asia/Dushanbe
  • Радди шарти Трамп аз сӯйи Кремл барои лағви таҳримҳои Русия

Кремл рӯзи душанбе пешниҳоди Доналд Трамп, раиси ҷумҳурии мунтахаби Амрико барои коҳиши таслиҳоти ҳастаии Маскав дар ивази лағви таҳримҳои зиддирусиро рад кард.

Ба гузориши ИРНА, Трамп дар мусоҳибаҳои ахири худ бо ду нашрияи “Таймз”-и Англия ва “Билд”-и Олмон, бо баёни ин ки таҳримҳо ба Русия осеби қобили таваҷҷуҳе ворид мекунад, лағви онро бо шарти даст ёфтани тавофуқи ҳастаӣ бо Амрико барои коҳиши таслиҳоти ҳастаии Маскав хонд ва афзуд, ду тараф аз ин тавофуқ суд хоҳанд бурд.

 Дмитрий Песков, сухангӯи раёсати ҷумҳурии Русия дар посух ба ин изҳороти Трамп гуфтааст, Маскав ҳозир нест дар ивази лағви таҳримҳо аз сӯйи Амрико имкони коҳиши таслиҳоти ҳастаиро баррасӣ кунад.

Дархости Трамп барои коҳиши таслиҳоти ҳастаии Русия дар ҳоле аст, ки Вашингтон бо доштани бузургтарин зарродхонаи ҳастаии дунё, ҳеҷ гоҳ бо вуҷуди фишорҳои байналмилалӣ ба Муоҳидаи манъи густариши силоҳҳои ҳастаӣ (NPT) напайвастааст.

Амрико ва Иттиҳоди Аврупо аз соли 2014 бо тарҳи иттиҳоми дахолати Русия дар даргириҳои шарқи Украина ва кӯмак ба мухолифони давлати ин кишвар, маҷмӯае аз таҳримҳои иқтисодӣ ва молии зиддирусиро ҷорӣ кардаанд, ки вокуниши мутақобили Маскавро дар пай доштааст.

Давлати Амрико ҳамчунин дар тозатарин иқдоми зиддирусии худ ба баҳонаи дахолати Маскав дар интихоботи раёсати ҷумҳурии Амрико, 35 дипломати Русияро аз Амрико ихроҷ ва таҳримҳое низ зидди шаш мақом ва панҷ ниҳоди русӣ ҷорӣ кард.

 

Барчасп