Ҷанги тарофаии Трамп; Оё Аврупо ба самти блоки Уқёнуси Ором меравад?
Порс Тудей - Иқдомоти раисиҷумҳури Амрико, ки барҳамзанандаи назми ҷаҳонӣ буда, мӯҷиб шудааст, ки Иттиҳодияи Аврупо ба дунболи густаришу наздиктар кардани равобити худ бо кишварҳои ҳошияи Уқёнуси Ором бошад.
Рӯзномаи Financial Times рӯзи шанбе дар гузорише навишт: Мақомоту дипломатҳои аршади аврупоӣ, бозгашти Доналд Трамп, раисиҷумҳури Амрико ба Кохи Сафедро омили эҳёи як тарҳи мутаваққиф шуда барои эҷоди мушорикати роҳбурдӣ миёни Иттиҳодияи Аврупо ва блоки тиҷории Уқёнуси Ором медонанд.
Ба гузориши Порс Тудей, пас аз эъломи аъмоли тарофаҳо тавассути Трамп, барномаҳое барои эҷоди пайванду мушорикатҳои қавитар миёни Брюссел ва ин блоки тиҷорӣ, ки муташаккил аз 12 кишвар, аз ҷумла Канада, Ҷопон ва Мексика аст, бо суръати бештаре нисбат ба гузашта дар ҳоли афзоиш аст.
Урсула фон дер Ляйен, раиси Камиссиони Аврупо, дар мусоҳибае бо Financial Times дар ин иртибот гуфт, ки ҳар ду тараф хостори ҳамкорӣ дар мавриди қавонини марбӯт ба амалкарди тиҷорати мунсифона дар саросари ҷаҳон ба нафъи башарият ҳастанд.
Вай таъкид кард, ҳар ду блок баррасӣ мекунанд, ки дар ошуфтагии феълӣ, чӣ авомиле бояд дар Созмони тиҷорати ҷаҳонӣ беҳбуд ёбанд ва чӣ гуна бояд барои таҳаққуқи ин амр равобити наздиктаре дошта бошанд.
Паймони ҳамкории тиҷорӣ байни уқёнусия, мавсӯм ба "Транс-Пасифик"(CPTPP) дар соли 2018 таъсис шуд ва шомили Австралия, Бруней, Канада, Чилли, Ҷопон, Малайзия, Мексика,Зеландияи Нав, Перу, Сингапур, Британия ва Ветнам мешавад. Иттиҳодияи Аврупо дар ҳоли ҳозир бо 9 узви ин паймон қарордодҳои дуҷониба дорад.
Вазорати умӯри хориҷаи Канада низ эълом кард, ки ин кишвар мутааҳҳид ба тақвияти равобити тиҷории худ бо Аврупо ва минтақаи Ҳинд ва Уқёнуси Ором аст.
Нахуствазирони Зеландияи Нав ва Сингапур низ дар ҳафтаҳои ахир иддеаи таъмиқи ҳамкорӣ байни ду блокро таъйид кардаанд.