"Financial Times": Назми қадимии иқтисоди ҷаҳонӣ мурдааст
(last modified Wed, 07 May 2025 15:25:28 GMT )
Май 07, 2025 20:25 Asia/Dushanbe

Порс Тудей. Рӯзномаи Financial Times дар гузорише бо ишора ба инки назми қадимии иқтисоди ҷаҳонӣ мурдааст, навишт: Чину Аврупо бояд ба дунболи роҳи ҳалҳои тозае барои эҷоди назми ҷадиде дар иқтисод бошанд.

Рӯзномаи Financial Times рӯзи чаҳоршанбе дар матлабе ба қалами  Martin Wolf навишт: Рӯйкарди Доналд Трамп, раисиҷумҳури Амрико на танҳо аз назари фикрӣ беинсиҷом аст, балки барои ҳар назми ҷаҳонии мубтанӣ бар ҳамкорӣ, маргбор маҳсуб мешавад. Дар ҳамин ҳол, бархе бар ин боваранд, ки фурӯпошии чунин «ҷаҳонигароӣ» матлуб аст.

Ба гузориши Порс Тудей, Martin Wolf афзуд, ин дидгоҳ, ки ҷаҳоне таҳти султаи қудратҳои бузург ва ғоратгар метавонад беҳтар бошад, тасаввуре аҳмақона аст.

Вай дар ин гузориш хотирнишон кард, буҳрони молӣ дар ҷаҳон ва дар минтақаи евро, ки дар солҳои 2007 то 2015 бисёр мавриди баҳс қарор гирифт, яке аз мушкилоти асосӣ аст, ки дар натиҷаи адами таъодули ҷаҳонӣ ба вуҷӯд омадааст.

Дар идомаи ин гузориш омадааст: Солҳост, ки бархе кишварҳо, аз ҷумла Чину Олмон бештар аз ончӣ ворид мекунанд, содирот доранд ва дар натиҷа мозоди тиҷорӣ доранд. Дар муқобил, Амрико ҳамеша воридоти бештаре дорад ва дучори касрии тиҷорӣ аст. Ҳамин раванд боис шуд, ки Амрико қарздори бузурги ҷаҳонӣ шавад.

Martin Wolf дар поёни гузориши худ изҳор дошт, ки низоми иқтисодии ҷаҳонӣ таҳти раҳбарии Амрико дигар коромад нест. Ҷаҳон ва бавижа Чин ва Аврупо бояд ба дунболи роҳи ҳалҳои тоза барои танзими иқтисоди ҷаҳонӣ бошанд.