Радди овозаи истеъфои дабири кулли Созмони Паймони амнияти ҷамъӣ (СПАД)
(last modified Tue, 17 Jan 2017 14:02:48 GMT )
Январ 17, 2017 19:02 Asia/Dushanbe
  • Радди овозаи истеъфои дабири кулли Созмони Паймони амнияти ҷамъӣ (СПАД)

Сухангӯи Созмони Паймони амнияти ҷамъӣ, ахбори мунташир шуда дар бораи далоили канорагирии Николай Бордюжа, дабири кулли собиқи ин созмонро беасос хонд.

Ба гузориши “Радиои Арманӣ”, дар баёнияи Владимир Зайниддинов- сухангӯи СПАД омадааст, баёнияи Бордюжа пиромуни даргирии марзии 29 декабр миёни нерӯҳои арманӣ ва озарӣ дар конуни тавваҷуҳи расонаҳо қарор гирифтааст.

Ин созмон пеш аз ин, тавзеҳоти муфассал пиромуни баёнияи мазбур ироа ва таъкид кардааст, ки дабири куллии созмон дар ин баёния нигаронии ҷиддии худро аз даргирӣ дар марзҳои яке аз аъзои ин созмон эълом кардааст.

Ин баёния меафзояд, дар мавриди муноқишаи минтақаи Қарабоғ низ бояд таъкид кард, ки мавзеи расмии созмон дар баёнияи поёнии нишасти Шӯрои амнияти ҷамъии созмон, ки дар 14 октябри соли гузашта дар Ереван- пойтахти Арманистон баргузор шуд, мунъакис шуда ва ҳеҷ тағйире дар мавзеи созмон эҷод нашудааст.

СПАД ҳамчунин ҳаргуна иртибот миёни истеъфои баёнияи мунташир шуда пиромуни даргирии марзии 29 декабрро рад кардааст.

Лозим ба ёдоварӣ аст, ки Бордюжа-дабири кулли собиқи Созмони Паймони амнияти ҷамъӣ дар баёнияе, ки дар вокуниш ба даргирии низомии 29 декабр дар муҷовирати рӯстои марзии “Чинорӣ”-и Арманистон, дар пойгоҳи расмии ин созмон мунташир шуд, эълом кард, даргирӣ дар хоки яке аз аъзои  СПАД, ба вижа пас аз даргириҳои апрели гузашта дар “ҷумҳурии Қарабоғ”, ки бо бакоргирии таслеҳоту таҷҳизоти сангин ҳамроҳ буд, иқдоми тавтеаомез талаққӣ мешавад.

 Ибороти ба кор бурда шуда дар ин баёния, ба вижа истифода аз иборати  “ҷумҳурии Қарабоғ” хашми мақомоти ҷумҳурии Озарбойҷон ва дархост барои барканории Бордюжаро дар пай дошт.

 Акоп Бадалян бо ишора ба канорагирии ногаҳонии Бордюжа аз мақоми дабири кулли СПАД ба нукоти ҷолиби таваҷҷӯҳе ишора кардааст.

Ба навиштаи “Акоп Бадалян” дар охирин нишасти сарони СПАД, ки дар 26 декабр дар Санкт Петербург баргузор шуд, танҳо интихоби дабири кулли ҷадиди созмон ба нишасте, ки қарор аст дар баҳори соли 2017 баргузор шавад, мавкул шуд ва ҳеҷ ишорае ба итмоми давраи дабири кулли Бордюжа дар аввали январ нашуд.

Илова бар ин Бордюжа низ дар конфронси матбуотӣ пас аз ин нишаст, ҳеҷ ишорае ба канорагирӣ аз ин мақом накарда ва аз хабарнигорон низ ташаккур накард. Аз сӯи дигар раисони ҷумҳурии кишварҳои узви созмон низ дар ин нишаст ҳеҷ тақдире аз дабири кулли собиқи худ, ки барои муддати якуним даҳа дар ҷиҳати иртиқои ҷойгоҳи ин созмон хидмат карда буд, ба амал наоварданд.

Лозим ба ёдоварӣ аст, ихтиёроти дабири кулли Созмони Паймони амнияти ҷамъӣ аз аввали январи соли ҷорӣ ба сӯрати ғайримунтазира ва бидуни эъломи қаблӣ ба Валерий Семериков-муовини Бордюжа мунтақил шуд ва баёнияи марбут ба даргириҳои марзии 29 декабр низ дар ҳоли ҳозир аз пойгоҳи расмии ин созмон ҳазф шудааст.