Аввалин “на”-и Русия ба Трамп
https://parstoday.ir/tg/news/world-i12019-Аввалин_на_и_Русия_ба_Трамп
Кохи Кремл рӯзи душанбе пешниҳоди Доналд Трамп-раисиҷумҳури мунтахаби Амрикоро барои коҳиши таслеҳоти ҳастаии Русия дар ивази лағви таҳримҳои зидди русӣ рад кард.
(last modified 2026-01-06T06:33:23+00:00 )
Январ 17, 2017 16:46 Asia/Dushanbe
  • Аввалин “на”-и Русия ба Трамп

Кохи Кремл рӯзи душанбе пешниҳоди Доналд Трамп-раисиҷумҳури мунтахаби Амрикоро барои коҳиши таслеҳоти ҳастаии Русия дар ивази лағви таҳримҳои зидди русӣ рад кард.

Трамп дар мусоҳибаҳои ахири худ, бо баёни ин ки таҳримҳо ба Русия осеби қобили таваҷҷӯҳе ворид мекунад, лағви онро машрӯт ба касби тавофуқи ҳастаӣ бо Амрико, бино бар коҳиши таслеҳоти ҳастаии Маскав хонд ва афзуд, ду тараф аз ин тавофуқ сӯд хоҳанд бурд.

Амрико ва Иттиҳоди Аврупо аз соли 2014 бо матраҳ кардани иттиҳоми дахолати Русия дар даргириҳои шарқи Украина ва кӯмак ба мухолифони давлати ин кишвар ва низ ҳамроҳ кардани шибҳи ҷазираи Қрим ба хоки Русия, маҷмуае аз таҳримҳои иқтисодӣ ва молии зидди русиро вазъ кардаанд, ки вокуниши мутақобили Маскавро дар пай доштааст. Давлати Амрико ҳамчунин дар тозатарин иқдоми зидди русии худ, 35 дипломати Русияро аз Амрико ихроҷ ва таҳримҳое низ зидди шаш мақом ва панҷ ниҳоди русӣ ба далели он чӣ дахолати Маскав дар интихоботи раёсатҷумҳурии Амрико номид вазъ кард.

Эъломи шарти Трамп барои лағви таҳримҳо алайҳи Русия аз як ҷиҳат шигифтангез ва аз ҷиҳати дигар ғайримантиқӣ аст. Аз ин ҷиҳат шигифтангез аст. ки барои аввалин бор аст, ки дар торихи равобити Вашингтон ва Маскав болотарин мақоми иҷроии мунтахаби Амрико хоҳони иҷрои шарте мешавад, ки токунӯн ҳеҷ як аз раисони ҷумҳурии Амрико онро матраҳ накардаанд. Аммо аз сӯи дигар ғайримантиқӣ аст, зеро Трамп бидуни ин ки тааҳуде ба коҳиши зарродхонаҳои ҳастаии Амрико бидиҳад аз Русия чунин хостае дорад.  Дархости Трамп барои коҳиши таслеҳоти ҳастаии Русия дар ҳоле аст, ки Вашингтон бо доштани яке аз бузургтарин зарродхонаҳои ҳастаии ҷаҳон, ҳеҷгоҳ бо вуҷӯди фишорҳои байналмилалӣ амалан яке аз маводи аслии муоҳидаи манъи густариши силоҳҳои ҳастаӣ (NPT), яъне нест кардани зарродхонаи ҳастаиро ба иҷро дарнаовардааст. Дар воқеъ Амрико на фақат бар тавсеа ва навсозии зорродхонаҳои ҳастаии худ таъкид меварзад, балки бар идомаи докторини ҳастаии худ, ки аз давраи Ҷанги сард бар ҷой монда таъкид мекунад. Амрико дар ҷамъи дорандагони зарродхонаҳои бузурги ҳастаӣ, танҳо кишваре аст, ки рӯйкарди таҳоҷумии худ дар заминаи корбурди таслеҳоти ҳастаии мавсӯм ба “докторини ҳамлаи пеш дастонаи ҳастаӣ”-ро камокон ҳифз кардааст. Масъалае, ки на танҳо интиқоди рақибони ҳастаии Амрикоро мӯҷиб шуда, балки дар дохили дастгоҳи ҳокимиятии ин кишвар низ мавриди эътироз қарор гирифтааст. Вашингтон ҳамчунин барномаҳои густардаеро барои навсозӣ ва тавсеаи ҳарчӣ бештари зарродхонаи ҳастаии худ дар дасти иҷро дорад.

Албатта Русия ба хостаи Трамп ба сурати дигаре ҳам посух додааст. Дар ин росто, раиси Кумитаи амнияти порлумони Русия, зимни эъломи омодагии Маскав барои баррасии пешниҳоди Амрико, иҷрои онро манут ба халъи силоҳи ҳастаии муштараки ҳамаи қудратҳои ҳастаӣ донист. Вай дар ин замина тасреҳ кард, ки ба ғайр аз Амрико ва Русия, кишварҳои ҳастаии дигаре ҳам вуҷӯд доранд, ки онҳо ҳам бояд дар ин раванд ворид шаванд. Бад-ин тартиб, мақомоти Маскав дар вокуниши ҳушёрона,ба истилоҳ тупро ба замини ҳариф андохта ва иҷрои пешниҳоди Трампро машрӯт ба иҷрои он, на фақат аз сӯи Амрико, балки аз сӯи соири кишварҳои ҳастаӣ кардаанд. Онҳо ба хубӣ аз ин масъала огоҳӣ доранд, ки бо тавваҷӯҳ ба барномаҳо ва стротежии ҳастаии кунунии Амрико, асосан таҳаққуқи ин шарт аз ҷониби давлати Трамп номуҳтамил хоҳад буд. Чунон чӣ Трамп ахиран бар афзоиши тавонмандии ҳастаии Амрико таъкид кардааст.