Мамнӯъияти ронандагии коргарони муҳоҷир дар Челябински Русия
Мақомоти вилояти Челябинск дар маркази Русия аз мамнӯъияти фаъолияти коргарони муҳоҷири хориҷӣ дар бахши ҳамлу нақли умумии ин минтақа дар соли 2017 хабар додаанд.
Ба гузориши сайти Фарғона, ахиран Борис Дубровский раиси вилояти Челябинск дастуреро имзо кардааст, ки бар асоси он коргарони муҳоҷири хориҷӣ ҳатто дар сурати доштани муҷаввизи расмии кор дар ин минтақа наметавонанд ба унвони ронандагони автобусҳои дохилишаҳрӣ ва байнишаҳрӣ, автобусҳои барқӣ ва таксӣ фаъолият кунанд.
Аз ин рӯ ширкатҳои ҳамлу нақли вилояти Челябинск иҷоза надоранд коргарони муҳоҷири хориҷиро ба унвони ронандагони бахши ҳамлу нақл ба кор гиранд, дар ғайри ин сурат ба пардохти ҷаримаи сангини молӣ маҳкум хоҳанд шуд.
Тобистони соли гузашта ҳам раиси вилояти Новосибирски Русия истихдоми коргарони муҳоҷири хориҷӣ дар бахшҳои истихроҷи маъдан ва филизот, моҳипарварӣ, корхонаҳои тавлиди ғизои кӯдак, мактабҳо ва кӯдакистонҳо, ронандагони ҳамлу нақли умумӣ ва умури молӣ ва иқтисодиро мамнӯъ карда буд.
Ин дар ҳолест, ки ба далели камбуди ронанда дар Русия, теъдоди зиёде аз шаҳрвандони Тоҷикистон дар ин кишвар акнун дар бахши ҳамлу нақли умумӣ фаъолият мекунанд.