Русия: Гурӯҳҳои террористӣ дастоварди демократияи ғарбӣ аст
Вазири умури хориҷаи Русия гуфт: Талошҳои Ғарб, ба вижа Амрико барои судури демократияи худ ба кишварҳои мухталиф сабаби пайдоиши терроризм дар Ховари Миёна шудааст.
Ба гузориши ИРНА, Сергей Лавров дар нишасти расонаӣ бо ҳузури садҳо хабарнигори дохилӣ ва хориҷӣ афзуд: Иқдомҳои Амрико ва кишварҳои ғарбии муттаҳиди Вашингтон дар солҳои даҳаи 80 мунҷар ба эҷоди созмони террористии “ал-Қоида” дар Афғонистон шуд ва соли 2003 низ ишғоли Ироқ, ДИИШ-ро эҷод кард.
Вазири хориҷаи Русия гуфт: Пайдоиши гурӯҳи террористии хатарноке ҳамчун “Ҷабҳату-н-нусра” бо идологияи ифротгароёнаи хатарнок ҳам паёмади мудохилаҳои созмонҳои иттилоотии ғарбӣ ва амрикоӣ дар Сурия аст.
Лавров тасреҳ кард: Ғарб ва Амрико бесарусадо мехостанд аз ДИИШ барои сарнагунии ҳукумати қонунии Башшор Асад истифода кунанд.
Вазири хориҷаи Русия бо баёни инки террористҳо, масеҳиёнро низ монанди мусалмонон дар кишварҳои ҷангзадаи Ховари Миёна мавриди азияту озор қарор додаанд, гуфт: Аз Иттиҳодияи Аврупо наметавон интизори иқдомоти мусбат дошт, зеро аз усули масеҳият гузар карда карда ва идологияи либералиро пазируфтааст.