Маҳкумияти байналмилалии таҷовузи Амрико ба марокизи ҳастаии Эрон
-
Маҳкумияти байналмилалии таҷовузи Амрико ба марокизи ҳастаии Эрон
Порс-Тудей. Таҷовузи Амрико ба таъсисоти ҳастаии Эрон бо маҳкумияти густардаи байналмилалӣ рӯ ба рӯ шудааст.
Кишварҳову созмонҳои мухталиф бо маҳкум кардани ҳамлаи Амрико ба таъсисоти ҳастаии Эрон, изҳор доштанд, ки ин иқдоми хасмона боиси афзоиши танишҳо дар минтақаи Ғарби Осиё хоҳад шуд.
Ба гузориши Порс-Тудей, мигел Диас Канел, раиси ҷумҳурии Куба дар баёнияе дар вокуниш ба ҳамлаи мутаҷовизонаи Амрико ба марокизи ҳастаии Эрон таъкид кард: Мо бомбаборони таъсисоти ҳастаии Эрон тавассути Амрикоро, ки муҷиби ташдиди хатарноки даргирӣ дар Ховари Миёна аст, қавийян маҳкум мекунем.
Колумбия: Ҳамлаи Амрико Ховари Миёнаро ба сӯи даргирии бештар мекашонад
Густава Петро, раиси ҷумҳурии Колумбия низ дар вокуниш ба иқдоми Амрико дар ҳамла ба таъсисоти ҳастаии Эрон гуфт: Ҳамлаи Амрико ба таъсисоти ҳастаии Эрон, Ховари Миёнаро ба оташ мекашад. Вай бо радди иддаоҳои мақомоти ғарбӣ дар хусуси талоши Эрон барои дастёбӣ ба силоҳи ҳастаӣ гуфт: Эрон дар ҳоли тавсеаи силоҳҳои ҳастаӣ нест, балки ҳадафи он тавсеаи сулҳомези ҳастаӣ аст.
Венесуэла: Таҳоҷуми низомии Амрико ба Эронро маҳкум мекунем
Иван Хил Пинто, вазири хориҷаи Венесуэла ҳам дар баёнияе изҳор дошт: Венесуэла таҳоҷуми низомии Амрико ба Эронро маҳкум мекунад ва хостори таваққуфи фаврии хусуматҳост. Ҷумҳурии буливории Венесуэла ин бомбаборонро, ки тавассути артиши Амрико ва ба дархости Исроил алайҳи таъсисоти ҳастаии Эрон, аз ҷумла дар муҷтамаъҳои Фурду, Натанз ва Исфаҳон анҷом шуд, қотеона ва шадидан маҳкум мекунад.
Вазорати хориҷаи Мексика низ дар шабакаи иҷтимоии “Х” навишт: Ин вазоратхона хостори гуфтугӯи фаврии дипломатӣ барои сулҳ миёни тарафҳо дар муноқишаи Ховари Миёна аст. Мо бар дархости худ барои коҳиши таниш дар минтақа таъкид мекунем.
Вазорати хориҷаи Чили ҳам иқдоми Амрикоро маҳкум ва эълом кард, ки ин иқдом таҳдиде ҷиддӣ барои амнияти минтақаӣ ва байналмилалӣ аст.
Ҷунбиши Ансоруллоҳи Яман: Амрико бояд мунтазири паёмади ҳамла ба Эрон бошад
Ҳазом ад-Аасад, узви дафтари сиёсии ҷунбиши Ансоруллоҳи Яман ҳам бо маҳкум кардани ҳамалоти Амрико ба таъсисоти ҳастаии Эрон гуфт, Вашингтон бояд мунтазири таҳаммули паёмадҳои ин иқдом бошад.
Муқовимати исломии Фаластин: Дар канори Эрон истодаем
Дар ҳамин ҳол Ҷунбиши муқовимати исломии Фаластин – Ҳамос дар баёнияе бо маҳкум кардани ҳамлаи мутаҷовизонаи Амрико ба таъсисоти ҳастаии Эрон, ҳамбастагии комили худро бо Эрон, давлат ва мардуми он эълом ва таъкид кард, ки ин гуруҳ ба тавоноии Теҳрон дар дифоъ аз ҳокимияти худ итминони росих дорад.