Чаро ҳамлаи режими саҳюнистӣ ба Эрон натиҷаи маъкус дод?
(last modified Wed, 02 Jul 2025 09:34:00 GMT )
Июл 02, 2025 14:34 Asia/Dushanbe
  • Чаро ҳамлаи режими саҳюнистӣ ба Эрон натиҷаи маъкус дод?
    Чаро ҳамлаи режими саҳюнистӣ ба Эрон натиҷаи маъкус дод?

Порс-Тудей. Як нашрияи амрикоӣ дар матлабе ба далоили шикасти режими саҳюнистӣ аз Эрон дар ҷанги 12 рӯза пардохт.

Нашрияи амрикоии “Форен Полиси” рӯзи сешанбе навишт: Ҷанги ахир миёни режими саҳюнистӣ ва Эрон натоиҷи маъкусе барои Тел-авив дошт ва ин режим дар таҳаққуқи аҳдофи роҳбурдии худ шикаст хӯрд.

Ба гузориши Порс-Тудей, дар матлаби ин нашрияи амрикоӣ омадааст: Ҷанг бо ҳамлаи густардаи Исроил, шомили амалиётҳои маҳрамонаву ҳамалоти ҳавоӣ ба таъсисоти Эрон оғоз шуд, аммо Эрон хеле зуд бо ҳамалоти мушакӣ ба Исроил ва пойгоҳҳои Амрико посух дод ва ин муҷиби бурузи як таниши минтақаии ҷиддӣ шуд, ба ин шакл Эрон ба тарафҳои муқобили худ паём дод, ки қодир ба ташдиди авзои хориҷ аз марзҳои худ аст.

Ин нашрияи амрикоӣ афзуд: Бо вуҷуди изҳороти мақомоти Исроил, аммо осебҳои қатъӣ ба Барномаи ҳастаии Эрон гузориш нашуда ва бар асоси арзёбиҳои иттилоотии Ғарб таъсисоти аслии тавсеаи ин барнома солим ҳастанд ва ҳамин тавр Исроил ҳадафе, ки барои “тазъифи боздорандагии Эрон” дошт, муҳаққақ накард.

“Форен полиси” ҳамчунин навишт: Порлумони Эрон низ дар вокуниш ба ин ҳамалот таълиқи ҳамкориҳо бо Ожонси байналмилалии энержии атомиро тасвиб карду стратегияи ибҳоми ҳастаиро дар пеш гирифт, ин стратегия мушобеҳи ҳамон мавзеъе аст, ки Исроил аз муддатҳо қабл дар пеш гирифта ва аз ироаи тавзеҳот дар бораи қудрати ҳастаии худ худдорӣ карда ва монеъ аз вуруди бозрасон мешавад.

 

Қудрати мушакии Эрон

Ба навиштаи ин расона, дар ҳоле ки натиҷаи ҳастаии ин ҳамла қатъӣ нашуда, аммо тавонмандии мушакии Эрон ба вузуҳ намоён шуд ва мушакҳои боллистики он тавонистанд аз падофандҳои ҳавоии Амрикову Исроил убур карда ва ба пойгоҳҳои низомӣ, мақарҳои иттилоотӣ, полоишгоҳҳои нафт ва пажӯҳишкадаҳо исобат кунанд.

“Форен полиси” гузориш кардааст, ки дар пайи ҳамалоти талофиҷӯёнаи Эрон, фурудгоҳҳо, ба вижа Бен-Гурион баста шуданд, иқтисоди Исроил таътил шуд ва тибқи баровардҳо Исроил дастикам аз 500 миллион доллар аз мушакҳои раҳгири Тоди Амрико истифода кард. Бо вуҷуди инки маркази сонсури Исроил монеи кори расонаҳову пӯшиши хабарҳо шуд, аммо беш аз 41 ҳазор дархости ғаромат дар ин ҷанг сабт шудааст.

Стив Беннон, мушовири собиқи Трамп низ ба сароҳат гуфт, ки таваққуфи ҷанг барои наҷоти Исроил зарурӣ аст ва Исроил дучори камбуди падофанд аст. Трамп низ эътироф кард, ки Исроил ба шиддат осеб дидааст.

 

Тақвияти миллигароии эрониён

Нашрияи амрикоӣ дар идома навишт: Ҷанги Эрону Исроил  натоиҷи иҷтимоии дур аз интизоре дар дохили Эрон дошт ва бар хилофи интизори ғарбиҳо, ба ҷои равшан кардани оташи тағйири сиёсӣ ё фурӯпошии низоми ҳоким, эҳсосоти миллигароёнаву ваҳдати миллиро афзоиш дод. Ин ҷанг на танҳо суботи дохилии Эронро барҳам назад, балки ҳамбастагӣ миёни мардуми онро афзоиш доду хашм аз ҳамлаи Исроил ба басиҷи миллии густардае мунҷар шуд, ки гуруҳҳои мухталифи иҷтимоӣ аз ҳунармандон то варзишкорон, мазҳабиҳо ва ҳатто насли Z-ро дарбар гирифт.

Тибқи ин гузориш, эрониҳо дар посух ба ҳамалоти Исроил онҳое, ки хонаҳои худро аз даст дода буданд, пазиро шуданд ва ин эҳсоси масъулияти иҷтимоии онҳоро тақвият кард. Мушоҳидаи тасовири шаҳид шудани кӯдакон, пизишкону ғайринизомиён ин боварро дар миёни мардуми Эрон тақвият кард, ки ҳадаф аз ҷанг на озодии онҳо, балки нобуд кардани кишварашон аст.

“Форен полиси” дар поён навишт: Дар ҳоле ки Исроил ҳисоб карда буд, ки ин ҷанг ба суқути низоми ҳоким дар Эрон мунҷар шавад, натоиҷи комилан маъкусе ҳосил шуд ва ба ҷои тазъифи Эрон, нуқоти заъфи Исроил дар таҳаққуқи аҳдофашро ошкор карду нақши муассире дар тақвияти ҳамбастагии ҷабҳаи дохилии Эрон дошт.