Январ 18, 2017 21:43 Asia/Dushanbe
  • Фошкориҳо алайҳи фаъолиятҳои ҷосусии Амрико ва Ғарб дар Озарбойҷон

Як коршиноси низомии рус аз фаъолияти мутамаркизи ҳазор ҷосуси амрикоӣ дар Ҷумҳурии Озарбойҷон хабар дод.

Ба гузориши пойгоҳи интернетии “Модератор”-и Озарбойҷон, Борис Джерелиевский, таҳлилгари “Маркази озодии сиёсӣ” ва коршиноси масоили низомӣ бо интишори як мақолаи ифшогарона навишт, дар Озарбойҷон ҳазор ҷосуси Амрико ҳузур дорад ва шуълавар шудани оташи даргирии низомии артиши Ҷумҳурии Озарбойҷон бо Арманистон дар ибтидои моҳи апрели соли 2016 низ натиҷаи фаъолияти ин шабакаи ҷосусии Амрико дар Озарбойҷон буд. Борис Джерелиевский афзудааст, Амрико ва Ғарб бо истифода аз ҷосусҳое, ки дар Ҳукумати Ҷумҳурии Озарбойҷон доранд, аз ҳама воситаҳо кор гирифтаанд, то аз талошҳои Эрону Русия дар заминаи поён додан ба муноқишаи Қаробоғ ҷилавгирӣ кунанд.

Пеш аз он низ бархе расонаҳои Боку аз фаъолиятҳои Англия дар Ҷумҳурии Озарбойҷон аз тариқи ширкати давлатии нафти ин кишвар (British Petrolium) хабарҳои мустанаде мунташир карданд. Маъмурони ширкати ВР бо ҳузур дар масоҷид ва маҳфилҳои мазҳабию динӣ, ҳамчунин дар ҷамъомадҳои мухталиф фаъолиятҳои мардуми мусалмони Ҷумҳурии Озарбойҷонро таҳти назар қарор медоданд. Бархе расонаҳои Боку, бавижа расонаҳои вобаста ба исломгароён низ аз фаъолиятҳои ҷосусии режими нажодпарасти Исроил дар Озарбойҷон парда бардоштанд. Воқеият он аст, ки мақомҳои давлати Илҳом Алиев Ғарб, алалхсус Амрикоро “мадинаи фозила”-и худ медонанд ва бар ин боваранд, ки ҳарчи ҳукумат ва мардум гароиши бештаре ба Ғарб аз худ нишон диҳанд, ҳаллу фасли мушкилоташон осонтар хоҳад шуд. Ба далели ҳамин нигоҳи нодурусти мақомҳои Боку бахши қобили таваҷҷуҳе аз маъмурони олирутбаи ҳукумати Илҳом Алиев ва низ кормандони сохторҳои низомию амниятии Ҷумҳурии Озарбойҷон таҳти назорат ва контроли созмонҳои ғарбӣ, бавижа амрикоӣ қарор гирифтаанд.

Амрико таҳти пӯшиши барномаҳои ба истилоҳ омӯзишӣ, назири “Сипоҳи сулҳ”, мубодилаи раҳбарони ҷавон ва соири барномаҳои мушобеҳ шумори зиёде аз мақомҳо ва мардуми ноогоҳи Озарбойҷонро ҷалб кардааст. Дар ин замина Борис Джерелиевский, таҳлилгари “Маркази озодии сиёсӣ” ва коршиноси низомии рус эълом кардааст, ки танҳо тайи понздаҳ соли гузашта ҳазор шаҳрванди Озарбойҷон дар Амрико таълим дидаанд. Омӯзишдидагони ин давраҳо, ки дар воқеъ, дар шабакаи таҳти нуфузи Амрико қарор гирифтаанд, дар сохторҳои муҳими Ҳукумати Озарбойҷон ба мансаб расидаанд, вале барои Амрико хидмат мекунанд. Бо ҳамин равиш Амрико ва НАТО фармондеҳони низомии артиши Озарбойҷонро дар барномаҳои омӯзишии ин созмони низомӣ таълим дода, таҳти нуфузи худ гирифтаанд. Илова бар ин бисёре аз низомиёни Озарбойҷон, ки дар чорчӯби манофеи Исроил ва Амрико фаъолият доранд, бо аъзои шабакаи махфии Фатҳуллоҳ Гулен, раҳбари маънавии пайравони тариқати Шайх Нурсӣ дар Туркия дар Ҷумҳурии Озарбойҷон низ иртибот доранд.

Шакке нест, ки ҳар гуна фаъолияти ҷосусии бегонагон дар Ҷумҳурии Озарбойҷон дар ниҳоят ба зиёни ҳукумат ва мардуми ин кишвар хоҳад буд. Фаъолиятҳои ҷосусии Ғарб, бавижа Амрико ва режими Исроил дар хоки Озарбойҷон бисёр мухарриб аст ва илова бар ворид сохтани хисорат ба манофеи миллии Озарбойҷон муносиботи ин кишварро бо соири кишварҳо таҳти таъсир қарор хоҳад дод.