Рӯзноманигори амрикоӣ: Эрон дар тарафи рости таърих истодааст
https://parstoday.ir/tg/news/world-i121118-Рӯзноманигори_амрикоӣ_Эрон_дар_тарафи_рости_таърих_истодааст
Порстудей - Рӯзноманигори мустақили амрикоӣ таъкид кард, ҳамлаи режими саҳюнистӣ мавқеъи Эронро дар назари ҷаҳониён мусбаттар кард ва тасаввуроти ғалат дар бораи ин кишварро бартараф кардааст.
(last modified 2025-07-26T03:03:52+00:00 )
Июл 22, 2025 19:59 Asia/Dushanbe
  • Ҷеннифер Кингс, хабарнигори озоди амрикоӣ
    Ҷеннифер Кингс, хабарнигори озоди амрикоӣ

Порстудей - Рӯзноманигори мустақили амрикоӣ таъкид кард, ҳамлаи режими саҳюнистӣ мавқеъи Эронро дар назари ҷаҳониён мусбаттар кард ва тасаввуроти ғалат дар бораи ин кишварро бартараф кардааст.

Ҷеннифер Кингс, хабарнигори озоди амрикоӣ, барои ширкат дар ҷашнвораи байналмилалии расонаҳо ба Теҳрон сафар кард. Ин матлаб аз Порстудей мусоҳибаи ӯро бо ИРНА, ки рӯзи сешанбе нашр шуд, баррасӣ мекунад.

Ба назари шумо, Исроил аз ҳамла ба Эрон чӣ ҳадаф дошт ва оё ба ҳадафҳои худ расид?

Эҳтимол, Исроил якчанд ҳадаф дошта бошад. Яке аз муҳимтарин ҳадафҳои он бешубҳа идома додани раванди густариши ҷанг ва генотсид аст, ки ҳоло дар Фаластин идома дорад. Яке аз роххои давом додани ин геноцид пахн кардани тачовуз ва зуроварй ба дигар кишварҳои минтака мебошад; чи тавре ки дар Лубнон, Яман ва холо дар Эрон анҷом шудааст. Ин равиш таваҷҷуҳи ҷаҳониёнро аз “Ҳолокост”, ки ҳоло дар Фаластин ҷараён дорад, дур мекунад.

Нуктаи дувум ин аст, ки онҳо аз Эрон, аз тавоноӣ ва худкифоии он таҳдид эҳсос мекунанд. Ман фикр мекунам, ки Исроил ва Иёлоти Муттаҳида фиребгаранд ва мехоҳанд ҳар гуна муқовиматро пахш кунанд; ки ин хам яке аз максадхои асосии онхост.

Вақте ки Исроил ба Эрон ҳамла кард, оё шумо интизор будед, ки ин қадар миқдори зиёди мушакҳо ба сӯи Исроил партоб шаванд?

Ҳамаи мо ба ҳайрат афтодем. Дар ниҳоят, касе ба Исроил муқобилат кард. Он чизе, ки солҳост дидем ин аст, ки Исроил ва сохтори саҳюнистӣ ҳамеша мардуми бедифоъ, занон, кӯдакон, маъюбон, пиронсолон ва мардуми гурусна аз Ғаззаро ҳадаф қарор додаанд ва онҳо тавонистаанд бидуни муҷозот ба кори худ идома диҳанд. Ҳамин тавр, дидани шаҳре ба мисли Тель-Авиви мавриди ҳамла қарор гирифта ва хисороти сангиндида  воқеан ҳайратовар буд.

Ман фикр мекунам, ки тамоми ҷаҳон дар як вақт ҳайратзада ва шодӣ мекард. Барои бисёриҳо, ин лаҳзаи сабукӣ буд, зеро ниҳоят касе ба ин империяи ҷинояткор муқобилат кард.

Шумо ин хабарро дар куҷо пайгирӣ мекардед ва агар шумо васоити ахбори оммаро бо васоити иҷтимоӣ муқоиса кунед, шумо ин корро чӣ гуна мекардед?

Дар Иёлоти Муттаҳида, васоити ахбори омма хандовар аст. Агар шумо онробаррасӣ  кунед, ин танҳо барои ханда кардан ба бемаънӣ будани мундариҷаи онҳост. Ягона роҳе, ки мо метавонем хабарҳои воқеиро дар Амрико ба даст орем, тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ ва шабакаҳои байналмилалӣ аст. Зеро тамоми расонаҳои ғарбӣ танҳо як мошини таблиғоти давлатӣ ҳастанд.

Имрўз дастгирии умумиҷаҳонӣ аз мардуми Фаластин хеле васеъ шудааст. Бо таваҷҷуҳ ба ҳамлаи Эрон ба Исроил, мавқеи Эрон дар назари ҷомеаи ҷаҳон чӣ гуна арзёбӣ мешавад?

Ҳадди ақал дар Иёлоти Муттаҳида, дар пасманзари маъракаҳои зидди наслкушӣ, ки барои ҳимоят аз Фаластин ташкил шудааст, истодагарии Эрон дар муқобили империяи ҷиноии Амрико ва Исроил ин кишварро дар чашми бисёриҳо дар ҷойгоҳи мусбат қарор додааст. Ин таблиғоти манфии солҳои тӯлонӣ ва даҳсолаҳоро, ки дар бораи Эрон ва мардуми Эрон дар Амрико анҷом дода мешуд, безарар кардааст. Ба назари ман, ин бисёр мусбат буд ва нишон дод, ки Эрон дар канори рости таърих қарор дорад; бо Фаластин ва бар зидди ин сохтори ҷиноӣ ва наслкушӣ бо номи Исроил ва Амрико.

Дар ҷараёни амалиёти Исроил дар Ғазза, Лубнон ва манотиқи дигар теъдоди зиёди рӯзноманигорон кушта шудаанд. Дар Эрон низ беш аз 10 хабарнигор аз сӯи Исроил кушта шудаанд. Ба фикри шумо чаро Исроил рӯзноманигоронро ҳадаф қарор дода, расонаҳоро маҳдуд мекунад?

Ба фикрам, сабаби ин комилан равшан аст, намехоханд, ки хакикат ба мардуми чахон расад. Онҳо то кунун танҳо дар Ғазза беш аз 200 рӯзноманигорро куштаанд, зеро намехоҳанд ҷаҳон ҷиноятҳои онҳоро бубинад.