Эъломи ҷустуҷӯи як тоҷик дар Русия
Мақомҳои амниятии вилояти Липетскии Русия алайҳи шаҳрванди 23 солаи Тоҷикистон, ки дар соли 2015 аз ин минтақа барои пайвастан ба гурӯҳи террористии ДИИШ ба Сурия рафтааст, парвандаи ҷиноӣ ташкил додаанд.
Ба гузориши сойти Спутник, мақомҳои Хадамоти амнияти федералии Русия дар вилояти Липетскй бидуни эъломи номи ин шаҳрванди Тоҷикистон, ки дар ин минтақа ба унвони коргари муҳоҷир фаъолият мекардааст, гуфтаанд, ки ба Сурия рафтан ва ба гурӯҳи террористии ДИИШ пайвастани ӯ исбот шудааст.
Бар асоси ин гузориш, дар сурати боздошт шудани ин шаҳрванди Тоҷикистон дар қаламрави Русия, додгоҳи ин кишвар метавонад ӯро ба 10 то 20 сол зиндон ба ҷурми пайвастан ба гурӯҳи террористии ДИИШ маҳкум кунад.
Парвиз Муллоҷонов коршиноси тоҷик муътақид аст, ки иллати умдаи пайвастани шаҳрвандони кишварҳои Осиёи Марказӣ ба гурӯҳҳои террористӣ дар қаламрави Русия ва рафтан ба Сурия ва Ироқ, фақр, бекорӣ, афсурдагӣ ва мушкилоти хонаводагӣ дар канори набуди шароити омӯзиши саҳеҳи Ислом аст.