Аҳдофи воқеии ғарб дар бораи Эрон чист ?
https://parstoday.ir/tg/news/world-i121242-Аҳдофи_воқеии_ғарб_дар_бораи_Эрон_чист
Порс тудей  расонаҳои хориҷӣ зимни бозтоби баёноти ҷадиди Раҳбари инқилоби исломӣ , ба ин бахш аз суханони Ишон ки таъкид доштанд « барномаи ҳастаӣ , ғанисозӣ ва ҳуқуқи башар баҳона аст ва ончӣ онҳо мехоҳанд дин ва дониши шумост » тавваҷуҳи вижа нишон доданд .
(last modified 2025-08-02T02:23:20+00:00 )
Июл 30, 2025 17:18 Asia/Dushanbe
  • Аҳдофи воқеии ғарб дар бораи Эрон чист ?
    Аҳдофи воқеии ғарб дар бораи Эрон чист ?

Порс тудей  расонаҳои хориҷӣ зимни бозтоби баёноти ҷадиди Раҳбари инқилоби исломӣ , ба ин бахш аз суханони Ишон ки таъкид доштанд « барномаи ҳастаӣ , ғанисозӣ ва ҳуқуқи башар баҳона аст ва ончӣ онҳо мехоҳанд дин ва дониши шумост » тавваҷуҳи вижа нишон доданд .

Ба гузориши Порс тудей , ҳазрати Ояуллоҳи Хоманаӣ , Раҳбари инқилоби исломӣ , рӯзи сешанбеи 29 июл дар маросими бузургдошти шуҳадои ҷанги таҳмилии 12 рузаҳи режими саҳюнистӣ алайҳи Эрон бар ин амр таъкид фармуданд ки Эрони исломӣ бар асос « дин » ва « дониш » банно шуда ва ба вуҷӯд омадааст . Дар баннои Ҷумҳурии Исломӣ , ду унсур « дин » ва « дониш » умдатарин аносири ташкил диҳанда ҳастанд ; ба ҳамин далел ҳам дини мардуму дониши ҷавонон мо тавонистаанд дар бисёре аз майдонҳои мухталиф , душманро водор ба ақабнишинӣ кунанд . Баъд аз ин ҳам ҳамин тавр хоҳад буд .

Ишон дар табйини далоили воқеии душмании ғарб бо Эрон фармуданд : Ончӣ истикбори ҷаҳонӣ ва дар раъси он Амрикои ҷинояткор бо он мухолифаст , ҳамин дини шумо ва дониш шумост ; Бо дини шумо мухолифанд , бо ин имони густардаи мардум мухолифанд , бо ин иттиҳоди зери сояи ислому Қуръон мухолифанд ; ва бо дониши шумо мухолифанд . Инки баъд аз пирӯзии инқилоб то имрӯз , ҷамъияти Эрон ду баробари бишавад , локини теъдоди донишҷӯ шояд ҳудӯди даҳ баробар ё бештар бишавад , инҳоро меранҷоанд ; Инки Ҷумҳурии исломӣ дар арсаҳои гӯногӯни илму дониши чӣ донишҳои инсонӣ , чӣ донишҳои фаннӣ , чӣ донишҳои динӣ битавонад сухани нав ба миён биоварад , инҳоро нороҳат мекунад ; инҳо бо ин мухолифанд . Ончӣ ба унвони [ қазия ] ҳастаӣ ва ғанисозӣ ва ҳуқуқи башар ва амсоли ин чизҳо мегӯянд баҳонааст ; асли қазия онаст .

Баёноти ҷадиди Раҳбари инқилоби исломӣ бори дигари моҳияти душмании ғарб ба хусӯси Амрико дар канори режими саҳюнистӣ бо Ҷумҳурии Исломии Эронро нишон медиҳад . Амрико ва муттаҳидони ғарбии он борҳо алайҳи Эрон ба иттиҳомзани пардохта ва дар ин замина ба масоилӣ монанди тавонмандии ҳастаӣ ба хусӯси ғанисозӣ ураниум пардохта ва дар айни ҳол ба Эрон нақзи ҳуқуқи башарро зада ва низ ҳимояти Эрон аз тероризм , ба хусӯс дар сатҳи минтақаи ғарби Осиёро матраҳ кардаанд .

Ҷудоӣ аз инки ғарбиҳо асосан аз стандартҳои дугона дар бархӯрд бо кишварҳо ва давлатҳо истифода мекунанд , аммо инки дар бораи Эрон мудом ба баҳонаи тароши пардохта ва ба дунболи дастовезе барои таҳти фишор қарор додан ва ҳатто ҳамлаи Низомӣ ба он бӯдаанд нишон медиҳад ки Амрико ва шуракояш монанди троикаи аврупоӣ ва дар канори режими саҳюнистӣ асосан бо моҳияти Ҷумҳурии Исломӣ дучори мушкил бӯда ва тадовуми вуҷӯдии онро бар наметобанд .

Нуктаи ҷолиби тавваҷуҳи инки баёноти бисёр муҳиму калидии Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ дар табйини далоили воқеии душмании ғарб бо Эрон мавриди тавваҷуҳи андешкдаҳои ғарбӣ низ қарор гирифтааст . Андешкдаи дифо аз демокросиҳо , наздик ба Маҷлиси намояндагони Амрико , дар таҳлили баёноти Раҳбари инқилоб исломӣ навишт : Оятуллоҳи Хоманаӣ ғарбро муттаҳам ба суистифода аз мавзӯи ҳастаӣ барои тазъифи Ҷумҳурии Исломӣ кард . Торнамои дифо аз демокрасиҳо , баёноти Раҳбари инқилобро ҳокӣ аз ин мавзӯ донист ки Эрон қасди таваққуфи ғанисозиро надораду мусаммам ба тадовуми ҳимоят аз меҳвари муқовимат дар минтақа ва дар айни ҳол , бозсозии барномаи ҳастаӣ  ва мушакӣ худаст . Ин андешкда , баёноти имрӯзи Раҳбари инқилобро нишондиҳанда ин мавзӯъ донист ки ҷанги таҳмилии 12 руза , таъсирӣ бар рӯйкарди Ҷумҳурии исломӣ дар ҳамаи ҳавзаҳои ҳастаӣ  ва минтақаӣ нагузоштааст .

Эрон тайи чаҳор даҳаи пас аз пирузии инқилоби исломӣ ва истиқрори низоми Ҷумҳурии исломӣ тавониста гомҳои баланде дар заминаи худкафоӣ ва тавсеаи тавонмандиҳои дохилӣ бардорад ва вобастагӣ ба хориҷро дар арсаҳои стротежик монанди санъати нафту газ , петрошимӣ , саноеъи сангин ва соири арсаҳои санъатӣ ба мизони қобили таваҷҷӯҳӣ коҳиш диҳад . Аз сӯйи дигар , донишмандону муҳаққиқони ҷавони эронӣ тавонистаанд дар заминаи фанновариҳои пешрафта монанди нанои технологӣ , селлулҳои бунёдӣ ва санъати фазоӣ ба дастовардҳои хиракунандаӣ даст ёбанд . Эрон ҳамчунин тавониста то пешрафти хиракунандаеро дар масири тавсеаи илмӣ ва донишгоҳӣ бардорад .

Иртиқои сатҳи илмии ҷомеъа , афзоиши нархи босаводӣ , рушди марокизи илмии мадорису донишгоҳҳо , рушди теъдоди донишҷӯён дар риштаҳои мухталифи илмӣ , рутбаи бартари Эрон дар теъдоди мақолоту ирҷоъоти илмӣ , сабти ихтироъоту бартарӣ дар фанноварии нано , ҳастаӣ , фазоӣ ва селлулҳои бунёдӣ , аз ҷумла муҳимтарин дастовардҳои илмӣ ва фанноварии Ҷумҳурии Исломии Эрон ба шумор меравад .

Ҳамчунин афзоиши қобили тавваҷуҳи шумори донишгоҳҳоро метавон яке дигар аз меъёрҳои рушди илмӣ дар Эрон донист . Теъдоди донишгоҳҳои Эрон ки пеш аз инқилоб ҳудӯди 15 воҳиди донишгоҳӣ буд , имрӯз ба беш аз 2640 воҳид расидааст . Рушди камии донишҷӯёни кишвари яке дигар аз шохисҳои тавсеаи илмӣ дар солҳои пас аз инқилоб исломӣ аст . Дар ҳоле ки теъдоди донишҷӯёни донишгоҳҳои кишвар пеш аз инқилоб ҳаддиаксар аз марзи 155 ҳазор нафар таҷовуз намекард , имрӯз афзӯн бар чаҳор миллиону дусад ҳазор нафар донишҷӯ дар Эрони машғӯл таҳсил ҳастанд . Зимни инки ғарб аз инки Эрони исломӣ , ба унвони як ҷомеъаи динӣ ки пешрафтҳои шигрифӣ дар заминаҳои мухталиф дошта , мавриди тавваҷуҳи ҷаҳон қарор гирад , дар ҳарос аст .

Пешрафтҳои Ҷумҳурии Исломии Эрон пас аз пирӯзии инқилоби исломӣ ба гӯнае аст ки ҳатто душманон ҳам ба он изъон доранд ва наметавонанд онро инкор кунанд . Пешрафтҳои илмӣ ва дастёбии Эрон ба бархе аз фанновариҳои навин , он чунон шигифтангез ва ғайримунтазира бӯда ки ғарбиҳо , ба вижа Амрикоро ба шиддат нигарон карда ва ташдиди фишорҳо , коршиканиҳо ва таҳримҳо ва ахиран ба роҳ андохтани як ҷанги таҳмилӣ бо баҳонаҳоӣ аз ҷумла мавзӯи ҳастаиро мӯҷиб шудааст. Дар воқеъ , душманони Эрони исломӣ , аз пешрафтҳои ҷаҳишгӯна ва низ афзоиши тавонмандиҳои Эрон аз ҷумла дар заминаи иқтисодӣ ва тиҷорӣ , илмӣ ва фаннӣ , иҷтимоӣ ва фарҳангӣ ва низ сиёсати хориҷии пӯёии Эрон дар канори қудрати боздорандагии низомии он , ба шиддат дар ҳаросанд ва ҳамин масаъла мӯҷиби хусумати рӯзафзӯни онҳо бо Эрон шудааст .