Номи Яҳё дар феҳристи 100 номи пуртарафдори писарони англисӣ
Порс Тудей - Номи Яҳё барои аввалин бор вориди феҳристи 100 номи маҳбӯби писарони мутаваллиди Англия ва Уэлс шуд.
Муҳаммад барои дуюмин соли мутаволӣ дар садри феҳристи номҳои писарон дар Англия ва Вейлс(Уэлс) қарор гирифт ва пас аз он Наво дар ҷойгоҳи дувум ва Oliver дар ҷойгоҳи сеюм қарор гирифтанд, ҳамонтавр, ки дар соли 2023 низ ҳаминтавр буд.
Ба гузориши Порс Тудей, номҳои ҷадиде, ки имсол вориди 100 номи бартари духтарона дар Англия ва Вейлс шудаанд, иборатанд, аз oise, Nora, Mayla, Rosa, Athena, Sarah ва Zoe. Номҳои ҷадиди писарона иборатанд аз: Austin, Nathan, Vinny ва Yahya.
Ин феҳрист тавассути дафтари омори миллии Британия (ONS) мунташир шудааст, ки додаҳоро аз савобиқи таваллуд ҷамъоварӣ мекунад.
Ҳафтаномаи «Jewish Chronicle», ки ахбори ақаллияти яҳудро дар Англия ва ҷаҳон мунташир мекунад, ба густариши номи Яҳё, ки номи раиси шаҳиди дафтари сиёсии Ҷунбиши муқовимати Фаластин (Ҳамос) аст ба феҳристи 100 номи маҳбӯб барои кӯдакони мутаваллиди Англия ва Вейлс ишора кард.
Ин рӯзнома тавзеҳ дод, ки номи Яҳё дар муқоиса бо соли қабл, 33 рутба дар рутбабандӣ сууд карда ва то соли 2024 ба наваду сеюмин номи маҳбӯби писарон дар Англия табдил шудааст.