Аврупо дар ҳоли мусаллаҳсозии дубора; ҳаҷми корхонаҳои силоҳсозӣ 3 баробар шуд
https://parstoday.ir/tg/news/world-i121532-Аврупо_дар_ҳоли_мусаллаҳсозии_дубора_ҳаҷми_корхонаҳои_силоҳсозӣ_3_баробар_шуд
Порс Тудей – Бо идомаи ҷанги Украина, саноати низомии Аврупо бо суръати бесобиқа дар ҳоли густариш аст.
(last modified 2025-08-16T08:40:05+00:00 )
Август 15, 2025 09:25 Asia/Dushanbe
  • Се баробар афзоиш ёфтани фаъолиятҳои корхонаҳои силоҳсозӣ дар Аврупо аз замони оғози ҷанги Украина
    Се баробар афзоиш ёфтани фаъолиятҳои корхонаҳои силоҳсозӣ дар Аврупо аз замони оғози ҷанги Украина

Порс Тудей – Бо идомаи ҷанги Украина, саноати низомии Аврупо бо суръати бесобиқа дар ҳоли густариш аст.

Таҳлили додаҳои моҳвораӣ аз 150 корхонаи силоҳсозӣ нишон медиҳад, ки қораи сабз дар ҳоли иҷрои як барномаи таърихии мусаллаҳсозии дубора мебошад, ба тавре ки масоҳати корхонаҳои сохтани силоҳ ҳоло ба 7 миллион метри мураббаъ расидааст.

Бар асоси гузориши "Файненшал Таймс", додаҳои моҳвораҳои радарӣ нишон медиҳанд, ки аз замони оғози ҷанги Украина, сохтмон дар корхонаҳои силоҳсозии Аврупо се баробар бештар аз даврони сулҳ шудааст ва тақрибан як сеюми ин корхонаҳо шоҳиди рушди бузурги физикӣ, мисли сохтмони биноҳо ва роҳҳои нав будаанд.

Ин рушди азим натиҷаи иҷрои тарҳи "Эҳёи дифоии Аврупо" ва барномае бо номи ASAP аст, ки бо буҷаи 500 миллион евро барои тақвияти истеҳсоли муҳимот ва мушакҳо иҷро мешавад. Дар 20 маврид аз 88 корхонае, ки зери ин тарҳ қарор доранд, сохтмонҳои густарда дида мешавад ва дигар корхонаҳо низ ба рушди ҷузъӣ ё тағйири корбарӣ рӯ ба рӯ шудаанд.

Тасвирҳои моҳвораӣ нишон медиҳанд, ки корхонаҳои низомии Аврупо, аз ҷумла корхонаҳои ширкатҳои бузурге мисли Rheinmetall-и Олмон ва BAE Systems-и Британия, бо суръати баланд ба марказҳои истеҳсолии ҷангӣ табдил меёбанд. Масалан, зарфияти истеҳсоли муҳимоти 155-миллиметрии Rheinmetall қарор аст аз 70 ҳазор дар соли 2022 ба 1,1 миллион дар соли 2027 бирасад.

Ба гузориши Порс Тудей ба нақл аз хабаргузории донишҷӯёни Эрон (ИСНО), Вилям Алберкио, таҳлилгари дифоӣ, рушди корхонаҳои силоҳсозиро "тағйири сохторӣ ва дарозмуддат" тавсиф мекунад, ки Аврупоро ба як давраи нави омодагии низомӣ ворид мекунад; даврае, ки ба як пойгоҳи саноатии ҷанги доимӣ монанд аст.