Трамп: Ё таҳримҳои шадид алайҳи Русия эъмол мекунам, ё канор мекашам
https://parstoday.ir/tg/news/world-i121682-Трамп_Ё_таҳримҳои_шадид_алайҳи_Русия_эъмол_мекунам_ё_канор_мекашам
Порс Тудей - Раисиҷумҳури Амрико дар посух ба ин савол, ки агар ҳамтои руси ӯ ҳозир ба музокира дар бораи ҷанги Украина нашавад, чӣ иқдоме анҷом хоҳад дод, гуфт, ки ибтидо сабр хоҳад кард, то бубинад муқассир кист ва сипас тасмим хоҳад гирифт, ки оё «таҳримҳои сангин» алайҳи Русия эъмол кунад ё аз парванда канор бикашад.
(last modified 2025-08-23T15:49:01+00:00 )
Август 23, 2025 20:46 Asia/Dushanbe
  • Трамп: Ё таҳримҳои шадид алайҳи Русия эъмол мекунам, ё канор мекашам

Порс Тудей - Раисиҷумҳури Амрико дар посух ба ин савол, ки агар ҳамтои руси ӯ ҳозир ба музокира дар бораи ҷанги Украина нашавад, чӣ иқдоме анҷом хоҳад дод, гуфт, ки ибтидо сабр хоҳад кард, то бубинад муқассир кист ва сипас тасмим хоҳад гирифт, ки оё «таҳримҳои сангин» алайҳи Русия эъмол кунад ё аз парванда канор бикашад.

Доналд Трамп, раисиҷумҳури Амрико афзуд: «Фикр мекунам, дар зарфи ду ҳафта мушаххас мешавад, ки чӣ масиреро интихоб хоҳам кард.» Трамп ҳамчунин гуфт, ки бояд тасмим бигирад, оё «таҳримҳои сангин эъмол кунад» ё аз мавзӯъ канор бикашад. Рӯзномаи инглисии «Индепендент» дар гузорише навишта, ки Владимир Зеленский, раисиҷумҳури Украина, Маскавро муттаҳам карда, ки барои ҷилавгирӣ аз баргузории нишаст миёни ду кишвар ҳар коре мекунад; иқдоме, ки ба гуфтаи ӯ, зарбае ба тарҳи Доналд Трамп барои дастёбӣ ба тавофуқи сулҳ дар Украина маҳсуб мешавад. Зеленский дар як конференсияи хабарӣ дар канори Mark Rutte, дабири кулли НАТО гуфт: Мушкил ин ҷост, ки Русия намехоҳад ҷангро поён диҳад. Аз сӯи дигар, Сергей Лавров, вазири хориҷаи Русия дар бораи имкони дидор миёни раисони ҷумҳури Русия ва Украина изҳори тардид кард ва гуфт: дастури кори чунин нишасте аслан омода нест, агарчи Маскав пазируфтааст дар бархе мавориди матраҳшуда аз сӯи Трамп инъитоф нишон диҳад, аммо хостаҳои Русия барои як тавофуқи сулҳ ҳамчунон бидуни тағйир боқӣ мондааст.