Фаронса гирифтори хашми мардумӣ؛ Аз хиёбонҳои Париж то ғорати Ҳаити
https://parstoday.ir/tg/news/world-i121956-Фаронса_гирифтори_хашми_мардумӣ_Аз_хиёбонҳои_Париж_то_ғорати_Ҳаити
Порс Тудей- Рӯзномаи фаронсавӣ «Le Monde» гузориш дод, ки тазоҳуркунандагон, мардум, бознишастагон ва донишгоҳиёни фаронсавӣ дар эътироз ба ҳазфи будҷаҳои умумӣ ва иҷрои сиёсатҳои риёзати иқтисодӣ вориди ҳафтаи дувуми худ шудааст.
(last modified 2025-09-16T04:27:37+00:00 )
Сентябр 14, 2025 13:11 Asia/Dushanbe
  • Фаронса гирифтори хашми мардумӣ؛ Аз хиёбонҳои Париж то ғорати Ҳаити
    Фаронса гирифтори хашми мардумӣ؛ Аз хиёбонҳои Париж то ғорати Ҳаити

Порс Тудей- Рӯзномаи фаронсавӣ «Le Monde» гузориш дод, ки тазоҳуркунандагон, мардум, бознишастагон ва донишгоҳиёни фаронсавӣ дар эътироз ба ҳазфи будҷаҳои умумӣ ва иҷрои сиёсатҳои риёзати иқтисодӣ вориди ҳафтаи дувуми худ шудааст.

Ба гузориши Порс Тудей  «Le Monde» навишт: Хашми зиёди пиромуни масоили беадолатии иҷтимоӣ дар ҳоли шаклгирӣ аст, ки ин эътирозот ҷилваи аз он хашм аст. Дар ин матлаб аз Порс Тудей нигоҳе андохта шудааст ба брузи ин хашм аммо дар ҷои дигар ва тавассути мардумонӣ дигар. Мардумоне, ки солҳо дар банди истеъморӣ Фаронса буданд, ки имрӯз худ гирифтори эътирозоти густардааст.

Ҳаити дар чанголи истеъмори Фаронса

Ҳаити кишваре аст дар ҷазираи "Hispaniola " дар дарёии Караиб . Ин кишвар аз авохири садаи понздаҳуми мелодӣ ба тасарруфи Испания даромад , аммо ба тадриҷ бо афзоиши қудрати Фаронса дар нимаи дувуми қарни ҳабдаҳум , ин кишвар низ вориди даргириҳои истиъморӣ бо Испания дар Ҳаити шуд . Набарди ин ду қудрати аврупоӣ дар ниҳоят боис шуд ду кишвар ба тақсими қудрат дар ин минтақа дар соли 1697мелодӣ тан диҳанд . Бахши ғарбии ин ҷазира дар ихтиёри фаронсавиҳо қарор гирифт ва ин кишвар беш аз сад сол ин минтақаро дар ихтиёр дошт .

Ҷиноёти Фаронса дар Ҳаити :

- Бардадорӣ ва тиҷорати барда :

Дар даврони истеъмори Фаронса садҳо ҳазор африқоӣ ба иҷбор ба Ҳаити ки дар он замони( Saint - Domingue ) ном дошт , мунтақил шуданд ва дар шароити ваҳшиёна рӯй мазореъи найшикару қаҳва кор мекарданд . Ҳаитии сарватмандтарин мустаъмираи Фаронса дар қарни 18 буд ва беш аз як сеюм шакару қаҳваи аврупоро тавлид мекард . Ба даст овардани ин сарват бар дӯши бардагони африқоӣ буд ки таҳти шароити ваҳшатнок кор мекарданд .

- Кори иҷборӣ то сарҳади марг :

Бардагон дар мазореъи найшикару қаҳва таҳти шиканҷа , гуруснагӣ ва бемориҳои кушанда кор мекарданд . Умед ба зиндагии як барда дар Ҳаити камтар аз 10 сол буд .

- Муҷозотҳои ваҳшиёна :

Шаллоқ задан , сӯзондан , қатъи аъзо ва бадан ва зинда ба гӯр кардан аз ҷумлаи равишҳои танбеҳии фаронсавиҳо алаҳи мардуми Ҳаити буд .

Раҳоӣ аз доми истеъмор

Дар соли 1791 мелодӣ , бардагони таҳти раҳбарии  ( Toussaint Louverture ) ва сипас  ( Jean - Jacques Dessalines ) қиём карданд . Пас аз 13 соли ҷанг , Ҳаити дар соли 1804 ба аввалин кишвари мустақили Амрикои Лотин ва аввалин Ҷумҳурии сиёҳпӯстони ҷаҳон табдил шуд . Вақте бардагон алайҳи истеъмор бархестанд , артиши Фаронса рӯстоҳоро оташ зад , мардумро қатли ом карду сагҳои шикориро барои шикори бардагони фирорӣ ба ҷони онҳо андохт .

Баҳои халосӣ аз истеъмор

Фаронса ба талофии шикаст аз мардуми Ҳаитӣи, дар соли 1825 , бо таҳдиди ҳамлаи низомӣ , ин кишварро маҷбур ба пардохт 150 миллион Франки тилло ( муодили ҳудӯди 21 миллиард доллар ) ба унвони ғаромат барои « аз даст додани мустаъмира » кард . Ин бадеҳӣ то соли 1947 идома ёфт ва иқтисоди Ҳаитиро нобӯд кард .

Бисёре аз коршиносон муътақиданд фақр дар Ҳаити натиҷаи мустақими истеъмору ғорати Фаронса аст ки ин кишварро ба фақиртарин кишвари нимкураи ғарбӣ табдил кардааст . Буҳронҳои зер дар Ҳаити реша дар таърихи истеъмор шудаи ин кишвар тавассут Фаронса дорад :

1 . Фақр ва иқтисоди вобаста

Ҳаити маҷбур шуд барои пардохти бидеҳӣ ба Фаронса , вомҳои сангини бигирад ва манобеи худро тахлия кунад . Имрӯз беш аз 60٪ мардум зери хати фақр зиндагӣ мекунанд .

2 . Бе суботии сиёсӣ ва хушунат

Фаронса бо ҳимоят аз нухбагони фосид ва кудетаҳо ( мисли ҳукӯмати Дувалиер ) , монеъи тавсеаи демокрасӣ шуд . Имрӯз Ҳаити таҳти кантроли гуруҳҳои мусаллаҳаст ва давлат амалан фалаҷ шудааст .

3 . Тахриби муҳити зист ва кишоварз

Фаронса бо системаи так киштии найшакар , хоки Ҳаитиро фарсӯда кард . Имрӯз беш аз 98٪ ҷангалҳои Ҳаитиинобӯд шуда ва заминҳои кишоварзӣ беҳосил ҳастанд .

4 . Нажодпарастӣ ва таҳқири байниалмилал

Ҳатто пас аз истиқлол , Ҳаити тавассути қудратҳои ҷаҳонӣ ( аз ҷумла Амрико ) таҳрим ва мунзавӣ шуд . Имрӯз бисёре аз Ҳаитиҳо дар шароитии мушобеҳи опортойди иқтисодӣ зиндагӣ мекунанд .

Порис ҳаргиз ба таври расмӣ узрхоҳӣ накарда , аммо дар соли 2015 милодӣ , «François Hollande» раиси ҷумҳӯри вақти Фаронса гуфт : « Бояд бадеҳи торихии худ ба Ҳаитиро бипардозем . » Бо ин ҳол , ҳеҷ ғароматӣ пардохт нашудааст . Ҳол ин суол матраҳаст ки Фаронсае ки таърихи истеъморгарияш аз Африқо то Амрикои Лотин густардааст дар давлати кунунӣ чигуна мехоҳад аз буҳронҳое, ки худ алайҳи мардумаш эҷод карда раҳоӣ ёбад ?