Эрон ва масири ҳамгароӣ бо БРИКС; Аз фанноварӣ то фарҳанг
Порс Тудей - Раисиҷумҳури Эрон бар зарурати баҳрагирӣ аз таҷориби кишварҳои узви БРИКС барои тавсеаи фанноварона таъкид кард.
Дар шароите, ки ҷаҳон ба самти иқтисоди пасонафтӣ ҳаракат мекунад, мавқеъияти геополитикии Эрон бори дигар дар конӯни тавваҷуҳи қудратҳои навзуҳӯр қарор гирифтааст. Нишастҳои ахири давлати Эрон дар бораи тавсеаи фанноварӣ, гузоришҳои коршиносони энержӣ дар хусӯси каридори газии Эрон, муваффақияти донишгоҳи Исфаҳон дар нишасти БРИКС ва ҳатто ибтикори фарҳангии Чин дар эҷоди шабакаи адабиёти БРИКС, ҳамагӣ нишон медиҳад, ки масири ҳамгароии Эрон бо шуракои шарқӣ, абъоди мутанаввие аз иқтисод то фарҳангро дар бар гирифтааст. Дар ин бастаи хабарӣ нигоҳе шудааст ба охирин таҳаввулоти БРИКС, ки дар идома мехонед:
Таъкиди раисиҷумҳури Эрон бар тавсеаи фанноварона бо улгӯи БРИКС
Масъуди Пизишкиён, раисиҷумҳури Эрон дар нишасти бо меҳварияти тавсеаи фанноваронаи кишвар, бо ишора ба таҷориби муваффақи кишварҳои узви БРИКС гуфт: “Давлати Эрон барои ҳимоят аз тавсеаи фанноварона иҳтимоми ҷиддӣ дорад ва ҳар наҳоде, ки битавонад нақше ифо кунад ба кор гирифта хоҳад шуд”. Раисиҷумҳури Эрон тасреҳ кард, ки роҳбурди давлат, баҳрагирӣ аз таҳаввулоти технология ба унвони чорчӯби аслии сиёсатгузорӣ аст. Дар ин нишаст, мавзуоте ҳамчун зарурати авлавиятбандии фанновариҳои роҳбурдӣ, ҳимоят аз бахши хусӯсӣ барои эҷоди ширкатҳои бузурги фанноварона, баҳрагирӣ аз таҷориби ҷаҳонӣ дар ҳуши маснӯӣ, биотехнология ва нанотехнология ва ҳамчунин нигоҳи вижа ба дипломасии фанноварӣ мавриди таъкид қарор гирифт.
Фурсати хунсосозӣ таҳримҳои энержӣ
Ҳамзамон бо мабоҳиси фанноварона, парвандаи энержӣ ва нақши Эрон дар шабакаи интиқоли гази ҷаҳонӣ, яке аз калидитарин мавзуоти пеши рӯи кишвар аст . Коршиносон муътақиданд Эрон ба унвони узви фаъоли гуруҳи БРИКС бо бархӯрдорӣ аз уюмин захоири бузурги гази ҷаҳон, мавқеъияте истисноӣ барои табдил шудан ба ҳоби газӣ минтақа дорад. Эрон метавонад бо дарёфти гази Русия ва Осиёи Марказӣ ва масрафи он дар шимоли кишвар, дар ивази содироти газ аз маёдини ҷануб ба бозорҳои ҳадаф монанди Ҳинду Покистонро афзоиш диҳад. Ин каридори газии Шарқ – Ғарб ва Шимол - Ҷануб, на танҳо таҳримҳои Амрикоро беасар месозад, балки имкони даромадзоӣ аз масири суоп(swap) ва транзити энержиро фароҳам мекунад. Ба бовари таҳлилгарон, иттисоли мустақими Эрон ба шабакаҳои газии Русия ва Ҳинд, Ғарбро аз абзори таҳрими энержии Эрон маҳрӯм хоҳад кард. Ин вобастагии мутақобил, зимни тақвияти ҷойгоҳи Теҳрон дар муодилоти энержӣ, кишварро ба яке аз сутунҳои аслии БРИКС ва Шанхай табдил хоҳад кард.
Муваффақияти илмии Эрон; Донишгоҳи Исфаҳон дар БРИКС
Ҳузури Донишгоҳи Исфаҳон дар даҳумин нишасти байналмилалии донишмандони ҷавони БРИКС дар Бразилия, дастоварде арзишманд барои Эрон башумор меравад. Дар ин рӯйдод, Ризо Зокирӣ Нажод, узви ҳайати илмии донишгоҳи Исфаҳон, мақолае дарбораи “фарсоиши хоки таҳти таъсири тағйироти иқлим бо додаҳои санҷиш аз дур” ироа кард, ки бо истиқболи густарда мувоҷеҳ шуд. Намояндагони донишгоҳи Исфаҳон ҳамчунин бо масъулони илмии Бразилия ва дигар кишварҳо дидор карда ва пешниҳоди эҷоди “коргурӯҳи илмии тахриби сарзамин” дар чорчӯби БРИКС-ро матраҳ карданд; пешниҳоде, ки мавриди тавваҷуҳ қарор гирифт ва метавонад заминасози ҳамкориҳои илмии густурдатар шавад.
Дипломасии фарҳангӣ; Чин ва ибтикори шабакаи адабиёти БРИКС
Ибтикори Чин барои ташкили “Иттиҳодияи нависандагони БРИКС “ ё “ шабакаи адабиёти БРИКС” нишондиҳандаи талоши ин блок барои густариши ҳамгароии нармафзорӣ аст. Ин анҷуман қарор аст, нависандагону ноширони кишварҳои узвро гирдиҳам оварад ва бо эҷоди ҷоизаи адабии БРИКС, осореро, ки бозтобдиҳандаи арзишҳо ва суннатҳои муштарак ҳастанд, муаррифӣ ва тақдир кунад. Намояндагони Эрон низ дар ин раванд фаъол будаанд. Масъуди Аҳмадванд, ройзани фарҳангии Эрон ба унвони узви ҳайати доварони нахустин ҷоизаи адабии БРИКС интихоб шуд. Ин иқдом, илова бар иртиқои дипломасии фарҳангии Эрон, фурсати муаррифии адабиёту ҳунари кишвар ба ҷомеъаи байналмилалиро фароҳам мекунад.
Эрон дар масири блоки Шарқӣ
Мурӯри таҳаввулоти ахир нишон медиҳад, ки ҳузури Эрон дар созмонҳои навзуҳӯре ҳамчун БРИКС ва Шанхай фақат маҳдӯд ба арсаи иқтисодӣ нест, балки ҳавзаҳои фанноварӣ, энержӣ, илмӣ ва фарҳангиро низ шомил мешавад. Аз талоши давлат барои улгубардорӣ аз таҷориби фанноварона гирифта то пружаҳои калони газӣ, аз муваффақиятҳои донишгоҳӣ то ибтикорҳои адабӣ, ҳамагӣ ҳикоят аз ҷойгоҳе дорад, ки Эрон метавонад дар назми навини ҷаҳонӣ ифо кунад. Агарчӣ фишорҳои Амрико ва чолишҳои иқтисодӣ ҳамчунон побарҷо аст, аммо вобастагии мутақобили қудратҳои навзуҳӯр ба Эрон, фурсате истисноӣ барои бозтаърифи нақши кишвар дар минтақа ва ҷаҳон фароҳам сохтааст. Ба назар мерасад, Эрон дар ҳоли табдил шудан ба яке аз бозигарони калидии блоки Шарқӣ аст; блоке, ки метавонад тавозуни қудрати ҷаҳониро дигаргун кунад.