Январ 20, 2017 21:12 Asia/Dushanbe
  • Таъкиди Созмони Ҳамкории Исломӣ бар рафъи табъиз аз мусулмонони Мянма

Вазирони умури хориҷаи Созмони Ҳамкории Исломӣ дар поёни нишасти фавқуллодаи худ дар пойтахти Малайзия, аз давлати Мянма хостанд ба инкори идомадори ҳуқуқи шаҳрвандӣ ва ҳуввияти фарҳангии ақаллияти мусулмонон дар ин кишвар поён диҳад.

Созмони Ҳамкории Исломӣ дар қатъномаву баёнияи ниҳоии нишасти фавқуллодаи Куала-Лумпур, ки рӯзи гузашта барои баррасии вазъияти мусулмонони Мянма ташкил шуда буд, бо ибрози нигаронӣ аз идомаи азияту озор ва куштори мусулмонони Роҳингё дар Мянма, аз давлати ин кишвар хост, ба қонунҳои байналмилалӣ ва ҳуқуқи башар пойбанд бошаду барои бозгардонидани оромиш ба манотиқи буҳронзада фавран иқдом кунад.

Дар асноди мунташиршудаи Созмони Ҳамкории Исломӣ дар нишасти Куала-Лумпур омадааст: “Давлати Мянма бояд итминон диҳад, нерӯҳои амниятӣ бо парҳез аз ҳар гуна табъиз мутобиқи қонунҳо амал мекунанд ва касоне, ки муртакиби ҷиноёт шудаанд, ба сазои аъмоли худ мерасанд”.

Вазирони умури хориҷаи Созмони Ҳамкории Исломӣ ҳамчунин дар баёнияи худ дар ҳимоят аз мардуми Фаластин ва Қудси шариф, идомаи шаҳраксозии режими саҳюнистӣ дар сарзаминҳои ишғолии Фаластинро маҳкум ва онро иқдоме барои истеъмори ин манотиқ унвон карданд.

 

Барчасп