Туркия иттиҳоди ҷаҳони Ислом ва таҳрими таслеҳотии режими саҳюнистиро хостор шуд
(last modified Tue, 12 Nov 2024 10:30:40 GMT )
Ноябр 12, 2024 15:30 Asia/Dushanbe
  • Ҳокон Фидан, вазири умури хориҷаи Туркия
    Ҳокон Фидан, вазири умури хориҷаи Туркия

Вазири умури хориҷаи Туркия таҳрими таслеҳотии режими саҳюнистӣ ва иттиҳоди ҷаҳони Ислом зидди ҷиноёти режими саҳюнистӣ дар борикаи Ғазза ва Лубнонро хостор шуд.

Ҳокон Фидон, вазири умури хориҷаи Туркия дар иҷлоси муштараки вазирони умури хориҷаи Созмони Ҳамкории Исломӣ ва Иттиҳодияи Араб дар Риёз гуфт: Ибтикори Туркия дар Созмони Милал барои таваққуфи интиқоли силоҳ ба режими Исроил, мунҷар ба ҳимояти 52 кишвар, аз ҷумла аъзои доимии Шӯрои Амнияти СММ шудааст.

Фидон бо таъкид бар лузуми рӯи даст гирифтани тадобири мушаххас барои таваққуфи хунрезӣ ва ҷилавгирӣ аз ҷанг дар Ғарби Осиё афзуд: Абзорҳои дигаре монанди таваққуфи тиҷорат бо саҳюнистҳо, пешбурди парвандаи наслкушии режими Исроил дар Девони Байналмилалии Додгустарӣ ва корзори ҳимоят аз Ожонси имдодрасонии Созмони Милал барои оворагони фаластинӣ (Онрво) бояд роҳандозӣ шавад.

Нишасти фавқулодаи Созмони Ҳамкории исломӣ 11 ноябр дар сатҳи сарон дар Риёз, пойтахти Арабистон баргузор шуд.