Январ 21, 2017 09:57 Asia/Dushanbe
  • Трамп раисиҷумҳури Амрико шуд

Доналд Трамп ба унвони раисиҷумҳури ҷадиди Амрико савганд хӯрд.

Ба гузориши шабакаи телевизионии СНН, Доналд Трамп пас аз баргузории маросими савганд, бар маснади раёсатҷумҳурии Амрико нишаст. Трамп 45-умин раисиҷумҳурии Амрико аст, ки дар моҳи ноябр дар пайи интихоботи ҷанҷолӣ, бо шикаст додани Ҳилларӣ Клинтон - номзади демократҳо ба пирӯзӣ расид.

Дар маросими савганди Трамп, Барак Обама-раисиҷумҳури пешини Амрико ба ҳамроҳи Ҷор Буши хурдӣ, Билл Клинтон ва Ҷимми Картер дигар раисони ҷумҳурии собиқи Амрико низ ҳузур доштанд.

Пеш аз баргузории маросими савганди Трамп, Майк Пенс ба унвони муовини раисиҷумҳури ҷадиди Амрико савганд хӯрд.

Дар ин маросим, даҳҳо ҳазор тан меҳмон ё тамошочӣ дар муҳавватаи берунии бинои Конгресси Амрико ҳузур доштанд.

 Аз субҳи рӯзи ҷумъа, бистуми январ ба вақти шарқи Амрико, мухолифони Трамп чандин тазоҳурот дар манотиқи мухталифи шаҳри Вашингтон, аз ҷумла дар баробари Кохи Сафед баргузор карданд.