Таҳдиди Амрико ба ирсоли мӯшакҳои Томанашк ба Украина чӣ паёмӣ дорад ?
-
Таҳдиди Амрико ба ирсоли мӯшакҳои Томанашк ба Украина чӣ паёмӣ дорад ?
Порс Тудей– Эъломи эҳтимоли ирсоли мӯшакҳои дурбурд « Томанашк » аз сӯйи Амрико ба Украина , фасли тозае аз фишори Вашингтон бар Маскавро рақам задааст . Доналд Трамп бо изҳоротии таҳдидомези алайҳи Русия , бори дигар ба шеваӣ шинохта шудаи худ яъне таркиби « фишор , таҳдиду музокира » бозгашта , рӯйкарде, ки метавонад масири буҳрони Украина ва ҳатто тавозуни қудрати ҷаҳониро дигаргун кунад .
Доналд Трамп , раиси Ҷумҳурии Амрико эълом кард мумкин аст мӯшакҳои дурбурд « Томанашк »ро дар ихтиёри Украина қарор диҳад . Ин мавзеи Трамп оғози марҳалаи тоза аз фишори Амрико бар Маскав барои гушудани даре ба сӯйи музокира бо Русия аст .
Трамп гуфт : « Мумкинаст лозим бошад бо Путин дарбораи Томанашкҳо суҳбат кунам . Оё ӯ воқеан мехоҳад ин мӯшакҳо ба самташи биёянд ? Фикр намекунам . » Ин ҷумла ба суръат ба титри расонаҳои бузург табдил шуд . Раиси ҷумҳӯри Амрикои бори дигари ҳамон шеваи шинохта шудаи таҳдид , фишор ва сипас гирифтани имтиёз дар пушти мизи музокираро дар пеш гирифтааст .
Бар асоси гузориши пойгоҳи амрикоӣ «Axios » , Трамп тайи рӯзҳои ахир ду бор бо Владимир Зеленский , раиси ҷумҳӯри Украина тамоси гирифта ва дарбораи ниёзҳои таслеҳотии ин кишвар гуфтугу кардааст . Зеленский низ дар шабакаи иҷтимоии Х навишт ки гуфтгӯяш бо Трамп « бисёр созанда » бӯда ва ду тараф бар тақвияти тавони падофандӣ ва қобилиятҳои дурбурди Украина тамаркуз кардаанд .
Томанашк, мӯшаки крузи пешрафтае бо бурди миёнии 1600 то 2500 километр аст ва метавонад кулоҳакӣ ба вазни ҳудӯди 450 килограм ҳамл кунад . Ин ҳамон силоҳӣ аст ки Амрико дар ҷангҳои Ироқ ва Сурия барои ҳамалоти дақиқ ба кор гирифт . Агар Украина чунин мӯшакҳоиро дар ихтиёр бигирад , метавонад аҳдофӣ дар умқи хоки Русия , ҳатто Маскавро ҳадаф қарор диҳад ; сенарияе ки аз назари Маскав ғайриқобилӣ қабул ва аз диди бисёре аз таҳлилгарон , убӯр аз хати қирмизи стратежики Русия аст .
« Дмитрий Медведов » , муовини Шӯрои амнияти Русия ҳушдор дода ки агар Амрико ин тасмимро амалӣ кунад , « пайомадҳои манфии он гиребони ҳамаро хоҳад гирифт . » Ӯ ёдовар шуд ки ташхиси нусхаи ҳастаӣ ва ғайриҳастаии Томанашк дар осмон ғайримумкин аст ва ҳамин амр метавонад хатои фоҷеъабор дар ташхиси ҳамларо дар пай дошта бошад . « Дмитрий Песков » , сухангӯии Кремлин низ гуфтааст ки ирсоли ин мӯшакҳо ниёзманди мушорикати мустақими коршиносони амрикоӣ аст ва дар натиҷа , ба маънои вуруди Вашингтон ба ҷанг хоҳад буд .
Аз дид Русия , вуруди ба саҳнаӣ ҷанги Украина , ба маъноӣ онаст ки Амрико аз сиёсати ҳимояти ғайримустақим убӯр карда ва мустақиман ба тарафи даргир табдил мешавад . Путин низ пештар ҳушдор дода буд ки чунин иқдомии равобити ду кишварро « ба шиддати тахриб » мекунаду ҳаргуна раванди мусбат дар гуфтугуҳои ахири Вашингтону Маскавро аз миён мебарад .
Дар Вашингтон аммо рӯйкардии дугона дида мешавад . Трамп мехоҳад нишон диҳад ки ҳамчунон кантроли буҳронро дар даст дорад ва ҳозираст барои дифо аз Украина то марзи таҳдиди мустақими Русия пеш биравад , аммо мушовирони амниятии ӯ аз пайомадҳои ғайриқобили пешбинии чунин иқдомӣ бим доранд . « Кит келлог » , намояндаи вижаӣ раиси ҷумҳӯр дар умӯри Русия ва Украина гуфтааст ки ҳануз тасмими ниҳоӣ дарбори ирсоли Томанашк гирифта нашуда ва « ҳамаи чиз ба шахси раиси ҷумҳӯр бастагӣ дорад . »
Андешкдаҳоӣ монанди « маркази мутолиъоти стротежик ва байналмилалӣ » ( CSIS ) ва « Chatham House » дар Лондон , дар таҳлилҳои худ ёдовар шудаанд ки ҳадафи Трамп эҳтимолан беш аз он ки низомӣ бошад , сиёсӣ аст . ӯ бо тарҳи ин мавзӯъ мекӯшад фазои музокираро ба нафъи худ тағйир диҳаду Маскавро дар мавқеъияти тадофуъӣ қарор диҳад . Аз нигоҳи бархе таҳлилгарони ғарбӣ , эъломи чунин таҳдидӣ бахше аз тактики « дипломасии иҷбор »аст ; яъне эҷоди ҳарос аз як гоми хатарнок барои касби имтиёз дар мизи музокира .
Бо ин ҳол , коршиносони низомӣ ҳушдор медиҳанд ки такрори чунин таҳдидҳое метавонад худ ба омилӣ барои ташдиди таниш табдил шавад . « Michael O'Hanlon » аз андешкдаи Брукингз мегуяд : « Вақте суҳбат аз мӯшакҳои дурбурд мешавад , ҳатто гуфтугу дарбораӣ эҳтимоли ирсоли онҳо мумкин аст аз сӯйи тарафи муқобил ба унвони иқдоми хасмона таъбир шавад . Дар чунин шароитӣ , иштибоҳи муҳосиботӣ фақат ба чанд дақиқаи замон ниёз дорад . »
Дар Аврупо низ вокунишҳо муҳтотонааст . Манобеи диплумотик дар Бруксел гуфтаанд ки иттиҳодияи Аврупо дарбораӣ пайомадҳои чунин тасмимӣ ба шиддат нигарон аст , зеро ҳаргуна ҳамла аз хоки Украина ба умқ Русия метавонад пои Наторо ба даргирии мустақим бикашанд . Мақомҳои фаронсавӣ ва олмонӣ тарҷеҳ медиҳанд Вашингтон пеш аз ҳар иқдоми низомӣ , ба роҳи ҳали сиёсӣ бозгардад . Дар Киев, нигоҳ мутафовит аст . Зеленский муътақидаст ҳатто агар Украина ҳаргиз аз Томанашк истифода накунад , сарфи доштани ин мӯшак о метавонад Путинро ба таваққуфи ҳамалот ё оғози музокироти воқеии водорад . Дар воқеъ , аз дид ӯ , Томанашк на абзори ҷанг , балки абзори фишори сиёсӣ аст .
Пурсиш аслӣ инҷост ки оё Томанашкҳо воқеан метавонанд муъодилаӣ ҷангро тағйир диҳанд ? Коршиносони низомӣ дар гуфтугӯ бо Ройтерс хотирнишон мекунанд ки агарчӣ ин мӯшакҳо диққат ва тавони вайронгарии болоӣ доранд , аммо истиқрори онҳо дар Украина бо чолишҳои лаҷестикӣ ва амниятӣ мувоҷеҳ аст ва Русия ба таври ҳатми тавонои шиносоӣ ва инҳидоми саккӯҳои партоби онҳоро дорад . Тасмим дарбораӣ Томанашк фаротар аз як интихоби низомӣ аст . Ин тасмим метавонад масири буҳрони Украинро таъйин кунад ва ҳатто тавозуни ҷаҳонии қудратро тағйир диҳад . Агар Вашингтон бихоҳад ин силоҳҳоро воқеан ирсол кунад , бояд омодаи вокуниши мутақобили Маскав низ бошад . Агар танҳо ҳадаф , истифода аз таҳдид барои бозгардондани Русия ба миз музокирааст , бояд муроқиб бошад ки ин таҳдид аз кантрол хориҷ нашавад . Дар ҷаҳоне, ки марзи миёни фишори диплумотик ва ташдиди ҷанг бисёр борик аст , Томанашк метавонад ҷараққаӣ ҷангии густардатар бошад .