Оё нахуствазири Италия воқеан қобили тамҷид аст?
https://parstoday.ir/tg/news/world-i122446-Оё_нахуствазири_Италия_воқеан_қобили_тамҷид_аст
Порс-Тудей. Таърифу тамҷиди сиёсатмадорони ҷаҳон аз нахуствазири Италия ба шаклҳои мухталиф сужаи расонаҳои хабарии ҷаҳон шудааст.
(last modified 2025-10-17T14:45:36+00:00 )
Октябр 17, 2025 15:14 Asia/Dushanbe
  • Ҷорҷия Мелонӣ, нахуствазири Италия
    Ҷорҷия Мелонӣ, нахуствазири Италия

Порс-Тудей. Таърифу тамҷиди сиёсатмадорони ҷаҳон аз нахуствазири Италия ба шаклҳои мухталиф сужаи расонаҳои хабарии ҷаҳон шудааст.

Доналд Трамп, раисиҷумҳури Амрико, ки рӯзи душанбеи гузашта барои имзои тавофуқи сулҳи Ғазза роҳии Шармулшайхи Миср шуда буд, дар суханоне Ҷорҷия Мелонӣ, нахуствазири Италияро инсоне “бисёр зебо” хитоб кард. Трамп дар ҳоле ки Мелонӣ дар пушти сари ӯ ҳузур дошт, гуфт: Италия зани ҷавони зебое дорад. Ман иҷоза надорам инро бигӯям, чаро ки агар инро бигӯям, поёни ҳирфаи сиёсӣ хоҳад буд, аммо ӯ зани зебое аст. Агар дар Амрико калимаи “зебо”-ро дар хусуси зане ба кор бибарӣ, ин поёни ҳирфаи сиёсиат хоҳад буд, аммо ман риск карда ва инро мегӯям”.

Сипас Трамп ба таърифи худ аз Ҷорҷия Мелонӣ идома дод ва ӯро зане муҳтараму сиёсатмадоре муваффақ хонд.

Ба гузориши “Порс-Тудей”, аммо фақат Трамп набуд, ки ин сиёсатмадори италияиро таҳсин кард. Раҷаб Тайиб Эрдуғон, раисиҷумҳури Туркия низ дар Шармулшайх дар ҳоле ки бо Мелонӣ даст медод, хитоб ба ӯ гуфт: Ман дидам, ки Шумо доштед аз ҳавопаймо поин меомадед. Шумо олӣ ба назар мерасед.

Чанд моҳ пеш низ зону задани Эди Рама, нахуствазири Албания дар муқобили Ҷорҷия Мелонӣ бозтоби густардае дар расонаҳои ҷаҳон пайдо кард.

 

Пушти чеҳраи Мелонӣ кадом зан пинҳон аст?

Таърифу тамҷид аз Мелонӣ дар ҳолест, ки пушти ин чеҳра зани дигаре пинҳон аст. Як зан, ки ҳоло номаш бо ҷиноёти ҷангии Исроил дар Ғазза гиреҳ хӯрдааст.

Ҳамин чанд вақти пеш буд, ки Мелонӣ изҳор дошт, ки номи ӯ ва ду вазири давлаташ ба далели иттиҳоми ҳамдастӣ дар наслкушии муртабит бо ҳамлаи режими Исроил ба Ғазза, ба Додгоҳи Ҷиноии Байналмилалӣ гузориш шудааст.

Дар ин шикоят алайҳи Мелонӣ, ки ба гуфтаи расонаҳо тавассути ҳудуди 50 нафар, аз ҷумла устодони ҳуқуқ, вакилону чандини чеҳраи умумӣ имзо шуда, омадааст: Давлати Италия бо ҳимоят аз Исроил, ба вижа аз тариқи таъмини силоҳҳои кушанда, дар наслкушии ҷорӣ ва ҷиноёти ҷангии бисёр ҷиддӣ ва ҷиноёт алайҳи башарият, ки дар Фаластин анҷом мешавад, ҳамдаст шудааст.

Дар ҳамин ҳол, Маҷдӣ Карбои, намояндаи собиқи порлумони Туниси муқими Италия гуфт: Ин шикоят гоме таърихӣ дар масири посухгӯии байналмилалӣ ба шумор меравад ва ҳосили талоши густардаи созмони вакилону ҳуқуқдонон барои Фаластин аст, ки ифтихор дорам яке аз имзокунандагони он бошам.

Бар хилофи бархе гузоришҳои аввалия, ин шикоят мустақиман ба додситони Девони Ҷиноии Байналмилалӣ таслим шуда ва то кунун беш аз 30 ҳазор шаҳрванд, фаъолон ва шуморе аз донишгоҳиёну чеҳраҳои ҳуқуқии барҷаста аз он ҳимоят кардаанд.

 

Мелонӣ шахсияте зидди Ҳамос

Мелонӣ раҳбарии як давлати ростгароро бар ӯҳда дорад, ки яке аз қавитарин муттаҳидони Исроил дар Иттиҳоди Аврупо будааст. Ҳарчанд ӯ таъкид кардааст, ки Италия қасд дорад аз таъсиси кишвари Фаластин ҳимоят кунад ва дар айни ҳол ба ҳимоятҳои башардӯстонаи худ аз мардуми Ғазза идома диҳад, аммо вай муътақид аст, ки Ҷунбиши муқовимати исломии Фаластин (Ҳамос) аз ҳар гуна нақши давлатӣ бояд канор гузошта шавад.

 

Шикофи сиёсии Мелонӣ бо мардумаш дар Италия

Коршиносони сиёсӣ муътақиданд, ки миёни давлати Италия ва мардуми он кашокаши сиёсӣ вуҷуд дорад. Аз як сӯ ҷаҳон шоҳиди роҳпаймоии итолиёиҳо алайҳи ҷиноёти Исроил дар Ғазза аст ва аз сӯи дигар давлат ахиран майдонро барои ҳузури тими футболи режими саҳюнистӣ дар ин кишвар муҳайё месозад. Ба гуфтаи таҳлилгарон, исрори давлати Мелонӣ бар баргузории мусобиқа дар ин мақтаи замонӣ, реша дар ангезаҳои сиёсии ошкори вай дошт. Давлати Ҷорҷия Мелонӣ бо ин иқдом хост паём диҳад, ки ҳеҷ тамоюле ба пайвастан ба мавҷи таҳримҳои варзишӣ ё сиёсӣ алайҳи Исроил надорад ва бар мавзеи худ ба унвони муттаҳиди собитқадами Тел-авив исрор дорад.