Талоши Амрико барои ҳамроҳсозии кишварҳои арабӣ бо режими саҳюнистӣ
https://parstoday.ir/tg/news/world-i122916-Талоши_Амрико_барои_ҳамроҳсозии_кишварҳои_арабӣ_бо_режими_саҳюнистӣ
Порс-Тудей. Дар идомаи сиёсатҳои минтақаии Вашингтон, Доналд Трамп, раиси ҷумҳурии Амрико шахсан аз Муҳаммад бин Салмон, валиаҳди Арабистони Саудӣ хостааст, то пас аз поёни ҷанги Ғазза, гомҳое дар ҷиҳати оддисозии равобит бо режими саҳюнистӣ бардорад.
(last modified 2025-11-14T07:51:28+00:00 )
Ноябр 14, 2025 12:49 Asia/Dushanbe
  • Талоши Амрико барои ҳамроҳсозии кишварҳои арабӣ бо режими саҳюнистӣ
    Талоши Амрико барои ҳамроҳсозии кишварҳои арабӣ бо режими саҳюнистӣ

Порс-Тудей. Дар идомаи сиёсатҳои минтақаии Вашингтон, Доналд Трамп, раиси ҷумҳурии Амрико шахсан аз Муҳаммад бин Салмон, валиаҳди Арабистони Саудӣ хостааст, то пас аз поёни ҷанги Ғазза, гомҳое дар ҷиҳати оддисозии равобит бо режими саҳюнистӣ бардорад.

Ба гузориши “Порс-Тудей”, ба нақл аз ИСНА, дархости Трамп аз Бин Салмон, барои оддисозии равобит бо режими саҳюнистӣ, дар тамоси телефонии моҳи гузаштаи мелодӣ миёни ду тараф матраҳ шуда ва қарор аст дар дидори расмии 18 ноябр дар Кохи Сафед пайгирӣ шавад.

Бар асоси гузориши пойгоҳи хабарии “Оксиус”, мақомоти амрикоӣ умедворанд, ки дар ҷараёни ин дидор пешрафтҳое дар заминаи оддисозии равобит ҳосил шавад.

Ҳарчанд ихтилофоти миёни Риёз ва Тел-Авив ҳамчунон амиқ аст, аммо Вашингтон талош дорад бо ироаи имтиёзоти амниятӣ ва сиёсӣ, Арабистонро ба ин масир савқ диҳад.

Аз ҷумлаи хостаҳои саудиҳо, дарёфти тааҳҳудоти амниятӣ аз Амрико ва тазмини ташкили кишвари мустақили фаластинӣ аст.

Кохи Сафед муддаӣ аст, ки тарҳи сулҳи Трамп барои Ғазза, заминасози таҳаққуқи ин ҳадаф хоҳад буд. Бо ин ҳол, афкори умумии Арабистон, ки дар ҷараёни ҷанги Ғазза мавозеи зиддиисроилии шадиде иттихоз кардаанд, монеи ҷиддӣ барои пешбурди ин сиёсат ба шумор мераванд.

Мақомоти амрикоӣ бо таъкид бар анҷоми тааҳҳудоти қаблӣ ба саудиҳо, акнун хостори посухи мусбати Риёз ба хостаҳои Трамп ҳастанд. Талоше ки бахше аз роҳбурди калони Вашингтон барои эҷоди меҳвари арабӣ - исроилӣ дар минтақа ва мунзависозии меҳвари муқовимат талаққӣ мешавад.