Ҷанги Украина - аз майдони набард то мизи музокира
-
Ҷанги Украина - аз майдони набард то мизи музокира
Рӯзи 1375 аз ҷанги Украинаву Русия дар ҳоле поён ёфт, ки инфиҷори нафткашҳо дар дарёи Сиёҳ хабарсоз шуд, ҳамалоти паҳподиву мушакӣ талафоти инсонӣ дар Киев ва Волгоград барҷой гузошт ва зерсохтҳои энержии ду кишвар ҳадаф қарор гирифт.
Ҷанги Украинаву Русия ҳамчунон дар садри таҳаввулоти байналмилалӣ қарор дорад. Рухдоде ки ҳар рӯз абъоди тозае меёбаду нигоҳи ҷаҳониёнро ба худ маътуф кардааст.
Ба гузориши “Порс-Тудей”, ба нақл аз “Алҷазира”, рӯзи 1375 аз ин ҷанг, бо посухи низомии Русия ба Украина ҳамроҳ шуд. Микола Калашник, фармондори минтақаӣ рӯзи якшанбе эълом кард, ки тайи ҳамлаи паҳподии Русия ба атрофи Киев, пойтахти Украина, як нафар кушта ва 11 нафар, аз ҷумла як кӯдак захмӣ шуданд.
Вазорати дифои Русия бо таъйиди оғози ин ҳамлаи густарда муддаӣ шуд, ки ин ҳамалот алайҳи таъсисоти низомӣ – санъатӣ ва энержии Украина ва дар посух ба он чӣ “ҳамалоти террористӣ” номид, анҷом шудааст. Ин вазоратхона эълом кард, 158 паҳпод ва ду мушаки дурбурди украиниро сарнагун кардааст, дар ҳоле ки хабаргузории давлатии ТАСС-и Русия гузориш дод, ки ҳамалоти паҳподҳои украинӣ як нафарро дар минтақаи Белгороди Русия ва панҷ нафарро дар минтақаи Волгоград захмӣ кардааст.
Аз сӯи дигар, хабарҳо аз талошҳои мукаррари Зеленский барои ҷалби ҳимоят барои поён додан ба ҷанг ҳикоят дорад. Дар ҳамин росто, ӯ як ҳайати украинӣ ба раёсати Рустам Умаров, дабири Шӯрои амнияти ин кишварро ба Иёлоти Муттаҳида фиристодааст. Ҳамчунин ба гуфтаи дафтари раёсати ҷумҳурии Фаронса, Зеленский қарор аст рӯзи душанбе дар Порис бо Эммануэл Макрон, раисиҷумҳури Фаронса дидор кунад то пас аз музокирот дар Женева, дар бораи шароити як сулҳи одилонаву пойдор ва тарҳи сулҳи Иёлоти Муттаҳида гуфтугӯ кунад.
Аз Аврупои Марказӣ аммо хабар мерасад, ки додситонҳои Полша дар авҷи танишҳои шадид бо Русия, ду украинӣ ва се беларусро ба ҳамкорӣ бо як сервиси иттилоотии хориҷӣ муттаҳам кардаанд. Дафтар додситонӣ нагуфтааст, ки кадом кишвар дар ин амр дахил будааст, аммо аз замони ҳамлаи тамомайёри Русия ба Украина дар соли 2022, Варшава мураттабан Маскавро ба талош барои харобкорӣ ва анҷоми ҷанги таркибӣ муттаҳам кардааст.
Дар авҷи ин танишҳо, оташи ҷанг домани платформаҳои диҷиталиро ҳам гирифт. Дар ҳамин робита Русия рӯзи ҷумъа эълом кард, ки дар ҳоли баррасии мамнуияти сервиси паёмрасони Ватсап аст ва онро ба адами пешгирӣ аз ҷурм муттаҳам кард ва аз даҳҳо миллион корбари он хост то ба ҷойгузинҳои дохилӣ рӯй оваранд.