Август 03, 2016 17:42 Asia/Dushanbe

Ҳамаи парвозҳои фурӯдгоҳи байналмилалии Дубай дар пайи сониҳа барои яке аз ҳавопаймоҳои ширкати Иморот ба ҳолати таъхир даромад.

Ба гузориши хабаргузории Фаронса, як ҳавопаймои ширкати ҳавопаймоии Иморот рӯзи чаҳоршанбе, ҳангоми фурӯд дар фурӯдгоҳи байналмилалии Дубай дучори сониҳа шуд.

Дафтари давлати Дубай дар Твиттер навишт: "Парвози ширкати ҳавопаймоии Иморот, ки аз Ҳинд меомад, ҳангоми фурӯд дар фурӯдгоҳи байналмилалии Дубай дучори сониҳа шуд ва ҳамаи мусофирони он пойин оварда шуданд. Ҳанӯз ҳеч гузорише дар бораи ҷароҳат бардоштани мусофирон бар асари ин сониҳа гузориш нашудааст".  

Ширкати ҳавопаймоии Иморот низ ин ҳодисаро таъйид кард ва афзуд, ин ҳодиса ҳудуди соати 12: 45 дақиқа (ба вақти Гринвич) рух дод.

Тасовири мунташиршуда дар пойгоҳҳои иҷтимоӣ бархестани дӯди сиёҳро нишон медиҳад.