Оё Амрико бо сиёсатҳои иқтисодии худ, муттаҳидонро ба гаравгон гирифтааст?
https://parstoday.ir/tg/news/world-i123444-Оё_Амрико_бо_сиёсатҳои_иқтисодии_худ_муттаҳидонро_ба_гаравгон_гирифтааст
Порс Тудей - Созмони иттилооти дифоии Дания, Амрикоро ба истифода аз қудрати иқтисодӣ барои «таҳмили иродаи худ» бар муттаҳидонаш муттаҳам кард.
(last modified 2025-12-17T08:51:25+00:00 )
Декабр 17, 2025 10:53 Asia/Dushanbe
  • Оё Амрико бо сиёсатҳои иқтисодии худ, муттаҳидонро ба гаравгон гирифтааст?

Порс Тудей - Созмони иттилооти дифоии Дания, Амрикоро ба истифода аз қудрати иқтисодӣ барои «таҳмили иродаи худ» бар муттаҳидонаш муттаҳам кард.

Рӯзномаи «Гардиан» дар гузорише навишт: Созмони иттилооти дифоии Дания дар гузориши солонаи худ барои нахустинбор Иёлоти муттаҳидаро ба унвони як таҳдиди амниятӣ муаррифӣ кардааст.

Ба гузориши Порс Тудей, ин гузориш таъкид мекунад, ки Амрико бо баҳрагирӣ аз қудрати иқтисодӣ ва фанноварии худ, мекушад, иродаашро бар муттаҳидон таҳмил кунад ва ҳатто эҳтимоли истифода аз неруи низомӣ алайҳи онҳоро мунтафӣ намедонад.

Дар бахши дигаре аз гузориш омадааст: Рақобати қудратҳои бузург дар минтақаи қутби шимол ба таври чашмгире таваҷҷуҳи ҷаҳониро ба ин минтақа афзоиш додааст. Ин мавзӯ бавижа дар мавриди алоқаи фазояндаи Амрико ба Гренландия ошкор аст. Чунин таваҷҷӯҳе, хатари ҷосӯс, аз ҷумла ҷосӯсии сойберӣ  ва талош барои нуфуз дар бахшҳои мухталифи подшоҳии Данияро бештар кардааст. Гренландия ҳамчунон бахше аз қаламрави Дания маҳсӯб мешавад.

Гузориш ҳамчунин ҳушдор медиҳад, ки ташдиди рақобати қудратҳои бузург дар қутби шимол таҳдиде ҷиддӣ барои Дания аст; кишваре, ки пештар Гренландияро ба унвони мустаъмира идора мекард ва ҳануз сиёсати хориҷӣ ва амниятии онро кантрол мекунад.

Ҳафтаи гузашта низ санади ҷадиди «стратегияи амнияти миллии Амрико» бо муқаддамае имзо шуда аз сӯи Трамп мунташир шуд. Дар ин санади иддао шудааст, ки Аврупо тайи ду даҳаи оянда ба далели муҳоҷирату раванди идғоми Иттиҳодияи Аврупо бо «ҳазфи тамаддунӣ» рӯбарӯ хоҳад шуд ва Амрико бояд дар баробари «масири кунунии Аврупо» муқовимат эҷод кунад.

Ин дар ҳоле аст, ки равобити Вашингтону Копенҳаген пештар низ ба далели изҳороти мукаррари Трамп дар бораи тамоюлаш барои дар ихтиёр гирифтани кантроли Гренландия, дучори таниш шуда буд.

Авоили соли ҷорӣ J.D. Vance, муовини раисиҷумҳури Амрико дар ҷараёни боздид аз пойгоҳи низомӣ, Данияро ба «кӯтоҳӣ дар анҷоми вазоиф» дар Гренландия муттаҳам кард. Ҳамчунин дар моҳи август, иддаоҳои марбӯт ба вуҷӯди як кампини нуфузи Амрико дар Гренландия боис шуд, Дания кордори Амрикоро эҳзор кунад.

Ахиран низ фош шудааст, ки давлати Дания ниҳоде бо унвони «нигаҳбони шаб» эҷод карда то дар хориҷ аз соъоти идорӣ, суханону иқдомоти ғайриқобили пешбинии Трампро зери назар дошта бошад.