Бузургтарин иқтисоди ҷаҳон ва 41 миллион ниёзманди ғизои давлатии рӯзона
https://parstoday.ir/tg/news/world-i123450-Бузургтарин_иқтисоди_ҷаҳон_ва_41_миллион_ниёзманди_ғизои_давлатии_рӯзона
Порс Тудей - Le Monde гузориш дод, буҳрони ҳазинаи зиндагӣ дар Амрико миллионҳо нафарро ба купони ғизоӣ ва ошпазхонаҳои иҷтимоӣ вобаста кардааст.
(last modified 2025-12-17T06:53:05+00:00 )
Декабр 17, 2025 11:51 Asia/Dushanbe
  • Бузургтарин иқтисоди ҷаҳон ва 41 миллион ниёзманди ғизои давлатии рӯзона

Порс Тудей - Le Monde гузориш дод, буҳрони ҳазинаи зиндагӣ дар Амрико миллионҳо нафарро ба купони ғизоӣ ва ошпазхонаҳои иҷтимоӣ вобаста кардааст.

Ба гузориши Порс Тудей ба нақл аз рӯзномаи фаронсавии Le Monde, афзоиши шадиди ҳазинаҳои зиндагӣ дар Иёлоти муттаҳида боис шуда, миллионҳо амрикоӣ барои таъмини ғизои рӯзона ба кумакҳои давлатӣ ва марокизи ҳимоятӣ, муттакӣ шаванд. Le Monde  дар гузорише аз Ню-Йорк менависад, дар бузургтарин иқтисоди ҷаҳон, ҳудӯди 41 миллион нафар муодили 12 дарсади ҷамъияти Амрико аз купонҳои ғизои давлатӣ истифода мекунанд; оморе, ки пас аз ҷаҳиши қиммати маводи ғизоӣ, абъоди нигаронкунандатаре ба худ гирифтааст.

Ин рӯзнома бо ишора ба фаъолияти «ошпазхонаҳои иҷтимоӣ» дар маҳаллаҳое монанди ҷануби Harlem Manhattan гузориш медиҳад, ки марокизи вобаста ба ниҳодҳое чун «New York Food Bank» рӯзона ба садҳо нафар ғизо ироа мекунанд. Ҳатто дар сарватмандтарин минтақаи шаҳрии ҷаҳон, беш аз 1.3 миллион нафар аз сокинони Ню-Йорк ба навъе аз кумакҳои ғизоӣ баҳраманд шудаанд; мавзӯе, ки нишонае ошкор аз таъмиқи буҳрони маъишатӣ дар Иёлоти муттаҳида аст.