Зиёни 100-миллиарддолларии табаддулоти нофарҷом дар Туркия
Баланд Туфагнчӣ, вазири бозаргонӣ ва гумруки Туркия мегӯяд, табаддулоти нофарҷоми 15 июл 300 миллиард лираи туркӣ (муодили 100 миллиард доллари амрикоӣ) ба иқтисоди ин кишвар хисорот ворид кардааст.
Ба гузориши пойгоҳи хабарии "Т24", Баланд Туфангчӣ рӯзи сешанбе, дуюми август бо эъломи ин матлаб гуфтааст, тибқи ҳисобҳои дигар, хисороти эҳтимолӣ мумкин аст, аз ин рақам афзоиши бештаре дошта бошад. Ба гуфтаи ин мақоми турк, зарари 100-миллиарддолларӣ бар асоси ҳисобҳои аввалия эълом шуда, хисорот ба ҳавопаймоҳои ҷангӣ, чархбол, таҷҳизоту тахриби сохтмонҳо аз ҷумлаи ин муҳосибот аст. Ӯ афзуд, бештаре аз суфоришҳо ва сафарҳои мусофирони хориҷӣ ба Туркия лағв шуда, Туркия дар хориҷ аз кишвар як кишвари ҷаҳони сеюм муаррифӣ шудааст, ки ин ҳама низ ба зарари Туркия зарари дигар зам хоҳанд кард. Ин мақоми турк ҳамчунин гуфт, Ҳукумати Туркия бо ҳимояти мардум аз давлат ва мухолифати онҳо бо табаддулотгарон шароити сахти пас аз табаддулотро пушти сар гузошта, дар камтарин муҳлат фаъолияти бозорҳо, мағозаҳо ва марказҳои тиҷорӣ ба ҳолати оддӣ бозгаштааст.
Бо вуҷуди эъломи зарарҳои аввалия дар пайи табаддулоти нофарҷом нахуствазири Туркия иқтисоди ин кишварро қавитар аз пеш хонд. Ба гузориши хабаргузории "Анатолия", Беналӣ Йилдирим дар шаҳри Анкара эълом кардааст, иқтисоди Туркия дар муқоиса бо пеш аз замони табаддулот қавитар шудааст. Нахуствазири Туркия муддаӣ шудааст, ки иқтисоди ин кишвар бисёр босубот аст ва хурдтарин мушкил дар он вуҷуд надорад ва ҳамин амр боиси асабонияти бархе ҷараёнҳои хос шудааст. Ӯ дар айни ҳол бо радди гузориши Муассисаи эътиборсанҷии "Standard and Poor's" дар бораи иқтисоди Туркия ин муассисаро вобаста ба ҷараёнҳое донист, ки аз субот дар ин кишвар хурсанд набуда, дар садади латма ворид кардан ба давлати Анкара ҳастанд. Нахуствазири Туркия ҳамчунин афзуд, ҳар андоза чунин ҷараёнот ба тахриби ин кишвар талош кунанд, Анкара аз по нахоҳад нишаст. Беналӣ Йилдирим ҳамчунин иддао кардааст, ки риояи демократия ва қонун беш аз пеш дар Туркия қобили мушоҳида аст.
Изҳороти нахуствазири Туркия дар ҳоле матраҳ шудааст, ки ҳафтаи гузашта Пан Ги Мун, дабири кулли Созмони Милал бо эътирофи он ки Туркия пас аз кудатои нофарҷом дар шароити фавқулодда қарор дорад, ба эҳтироми давлати Анкара ба усули ҳуқуқи башар таъкид карда буд. Дар ҳамин ҳол, Ҷон Далҳуйсн, муовини раиси Созмони Афви Байналмилал дар умури Урупо ва Осиёи Марказӣ эълом кард, дар пайи вокунишҳо ба табаддулоти нофарҷом дар Туркия ҳуқуқи башар дар ин кишвар ба хатар афтодааст.
Интиқодоти байналмилалӣ аз Ҳукумати Туркия дар ҳоле сурат мегирад, ки мақомҳои ин кишвар дар ҳоли тармиму бозсозии иқтисоди ошуфтаи Туркия пас аз табаддулоти моҳи июл ҳастанд. Ҳукумати Туркия бозсозии иқтисодиро авлавияти нахустфаъолияти худ пас аз мушаххас кардани вазъияти табаддулотгарон эълом кардааст. Дар чунин ҳол, интиқодҳои дохилӣ аз сиёсатҳои давлати Анкара дар дастури кори мухолифон қарор дорад. Камол Қиличдоруғлу, раҳбари Ҳизби ҷумҳурии халқи Туркия, ҳизби мухолиф гуфтааст, Ҳизби адолат ва тавсеа, ҳизби ҳоким бо баҳрагирӣ аз эъломи вазъияти фавқулодда пас аз табаддулоти нофарҷом дар садади тағйири сохтори ҳукумат аст. Ба гузориши хабаргузориҳо, ӯ дар суханронии ҳафтаии худ дар парлумони Туркия бо ишора ба ҳамкории ҳизби матбӯи худ бо ҳизби ҳоким барои рафъи мушкилоти ношӣ аз табаддулоти нофарҷом ва мувофиқат бо эъломи вазъияти фавқулодда ба муддати се моҳ ба мардуми Туркия ҳушдор дод, ки давлат ба ҷойи тадвини қонун ва муқаррароте барои иҷро дар ин се моҳ дар садади тағйири сохтори ҳукумат барои ҳамеша аст.