Сентябр 16, 2020 18:21 Asia/Dushanbe
  • Бигиру бандҳо дар Туркия ҳанӯз идома дорад

Нерӯҳои амниятии Туркия беш аз сад нафарро ба иттиҳоми иртибот бо омилони кудетои нофарҷоми чаҳор соли пеш боздошт карданд.

Ба гузориши радиоии тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Ал-Олам; сиёсати Анкара дар поксозии ниҳодҳо ва созмонҳои давлатӣ аз аъзо ва вобастагони ҷунбиши "Фатҳуллоҳ Гулен" воиз ва опазисияи америконишини давлати Туркия ало рағми густардаи вируси Ковид-19 дар ин кишвар дорад.

Додситони кулли Истанбул имрӯз (чоршанбе) барои 132 нафар аз мазнунон ба ҳамкорӣ бо созмони Гулен ва даст доштан дар кудетои нофарҷоми 15 июлӣи 2016 ҳукми боздошт содир кард, ки нерӯҳои амниятӣ то кунун 106 нафар аз онҳоро боздошт кардааст.

Ин афрод,ки шомили 82 низомии машғул дар нерӯҳои мусаллаҳи Туркия низ машаванд, ба истифода аз нармафзори "Бой Лок", ки мавриди истифодаи авомили Гулен дар шаби кудето буд муттаҳам шудаанд.

Мақомоти Туркия мегӯянд авомили кудетои чаҳор соли қабл пас аз он, ки гуруҳҳои иртиботии онҳо дар шабакаи иҷтимоӣ "Ватис Ап" шиносӣ шуда буданд, аз нармафзори Бой Лок барои ҳамоҳангӣ истифода карданд.

Амалиёти имрӯзи нерӯҳои Туркия ба сурати ҳамзамон дар 34 остони ин кишвар анҷом гирифт.

 Анкара созмони Гуленро, ки аъзои он дар бештари ниҳодҳо ва созмонҳои давлатии Туркия нуфуз карда буданд-террористӣ ва омили кудетои нофарҷоми 15 июли соли 2016 медонад ва аз Амрико хостааст, ки ӯро ба Туркия бозгардонад. 

Дар ин кудето, ки дасти теъдоди зиёде аз низомиёни Туркия ва бо тавассул ба адавоти артиш монанди танк, ҷангада ва болгард анҷом шуд, ҳудуди 250 тан кушта ва беш аз 2 ҳазор  нафар захмӣ шуданд.

Ба гуфтаи "Сулаймон Сувайлу"  вазири кишвари Туркия то кунун 282 ҳазор 790 нафар ба баҳонаи иртибот ба кудетои нимаи июли 2016 дар Туркия боздошт шудаанд, ки 94 ҳазору 975 нафар азонҳо бо ҳукми додгоҳ ба зиндон рафтаанд.

Барчасп