Корбарони эронии Х | Ғорати Венесуэла тавассути Амрико оғоз шуд
Порс Тудей- Корбарони эронии шабакаи иҷтимоии Х ба ҳамлаи Амрико ба Венесуэла ва рабоиши Мадуро вокуниш нишон доданд.
Амрико бо ҳамла ба Венесуэла, зимни бомбаборони бархе аз зерсохтҳо чун фурудгоҳ, эълом кард, ки раисҷумҳури Венесуэла ва ҳамсарашро боздошт ва онҳоро аз кишвар хориҷ кардааст. Дар пайи ин амалиёт Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико дар баёнияе ин амалиётро поёни ҳукумати Мадуро донист. Ин иқдоми Амрико бо вокуниши корбарони эронии шабакаи иҷтимоии Х мувоҷеҳ шуд, ки дар ин матлаб аз Порс Тудей нигоҳе ба он андохта шудааст.
«Ҳасанайн Ҳаддод» корбари эронии шабакаи иҷтимоии Х аз иқдоми Амрико дар аз байн бурдани ҳуқуқи миллатҳо интиқод кард. Ӯ навишт: «Ғорати нафти Венесуэла тавассути Амрико оғоз шуд, бале барои Амрико ҳуқуқи миллатҳо муҳим нест, фақат кофист чизе барои чаповаул бошад, сареан аз ҳуқуқи байналмилал ба қонуни ҷангал шифт мекунад.»
Дар ҳамин замина, фаъоли шабакаи иҷтимоии Х бо номи корбарии «Ониё» навишт: «Амрикоиҳо пас аз суқути Саддом, диктатори маъдуми режими Баъси Ироқ, тиллои ин кишварро дуздиданд. Венесуэла дуруст монанди Ироқ ғорат хоҳад шуд. Таърих такрор мешавад.»
«Муҳаммадҳусайн Човушӣ» корбари дигаре буд, ки ба дастгирии Мадуро тавассути Амрико пардохт ва навишт: «Расман Николас Мадуро тавассути Амрико дуздида шуд. Шояд бишавад гуфт: бузургтарин одамрабоии ҷаҳон рақам хӯрдааст.»
«Парисо Носир» дигар фаъоли шабакаи иҷтимоии Х низ Амрикоро бузургтарин таҳдид дар тамоми дунё донист.
Ҳамчунин «Ҳусайн Пок» фаъоли шабакаи иҷтимоии Х, ҳамлаи Амрико ба Венесуэла ва рабоиши Николас Мадуроро дорои ҳадафе фаротар аз Венесуэла донист. Ӯ навишт: «Ҳамлаи Амрико ба Венесуэла ва рабоиши Николас Мадуро, ҳадафе фаротар аз Венесуэла ва ҳатто шахси Мадуро дорад. Амрико мехоҳад ба ҷаҳониён бигӯяд ҳар коре бихоҳад метавонад анҷом диҳад. Аммо ин тасвир, тасвире дурӯғин аст, зеро Иёлоти Муттаҳида танҳо дар як соли ахир, дар ҳампаймонӣ бо режими саҳюнистӣ, дар ҷанги Лубнон мутаваққиф шуд, дар ҳамла ба Яман ба бунбаст расид ва дар ҷанги дувоздаҳрӯза бо Эрон ноком монд.»
Райҳон корбари дигари шабакаи иҷтимоии Х буд, ки ба ҳамлаи Амрико ба Венесуэла вокуниш нишон дод. Ӯ навишт: Николас Мадуро, раисҷумҳури қонунии Венесуэла тавассути низомиёни амрикоӣ рабуда ва ба Ню-Йорк мунтақил шуд, ин намунае аз демократияи амрикоӣ аст.